Масъалаҳои экология ва рушди устувор

3-4 июни соли 2026 муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ризозода Тӯра Раббим дар Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалии Ӯзбекистон дар соҳаи экология: мушкилот ва роҳҳои ҳал», ки дар заминаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар кори форум намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, коршиносон ва олимони кишварҳои гуногун ширкат варзида, масъалаҳои мубрами ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, татбиқи технологияҳои «сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва густариши ҳамкориҳои байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Профессор Ризозода Тӯра Раббим зимни ҷаласаи пленарии форум бо маърузаи илмӣ баромад намуда, вобаста ба нақши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоти экологӣ, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, ҷалби муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба таҳқиқоти илмӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ андешаронӣ намуданд.
Дар маъруза ҳамчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ ва ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим махсус таъкид гардиданд. Зикр шуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ ёфта, барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои экологӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Маърузаи намояндаи Донишгоҳ аз ҷониби иштирокчиёни форум бо таваҷҷуҳи хос пазируфта шуда, доир ба масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.
Дар ҳошияи форум инчунин мулоқотҳои дуҷониба бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ташкилотҳои илмии кишварҳои иштирокчӣ баргузор гардида, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, густариши мубодилаи академии омӯзгорону донишҷӯён ва роҳандозии ташаббусҳои муштарак дар самти экология ва рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштироки намояндаи Донишгоҳ дар чунин чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ ба таҳкими робитаҳои илмӣ ва академӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, муаррифии иқтидори илмии Донишгоҳ ва баланд гардидани нуфузу мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like