Семинар –тренинг барои омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ дар заминаи Барномаи Инсоншиносӣ дар ДДХБСТ

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таҳти роҳбарии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф имконияти фарогир ва баробарро барои инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ, таъмини шуғл ва беҳтар намудани некуаҳволии аҳолии кишвар тамоми шароитҳоро муҳайё намуда, барои табодули таҷриба, ҷорӣ намудан ва истифода аз методика ва таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ, гузаронидани чорабиниҳои якҷояро ҳамеша амали хуб меҳисобад.
Аз ин лиҳоз кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати дар сифати баланди таҳсили донишҷӯён саҳми худро гузоштан ҳамеша кӯшиш ба харҷ дода тасмим гирифтааст, ки семинар-тренинги бо иштироки коршинос н.и.ф, профессори кафедра Абдураҳим Ҷӯраев дар заминаи барномаи байналхалқии “Инсоншиносӣ”-ро санаҳои 1-3-юми март дар мавзӯи “Муқаддимаи инсоншиносӣ” бо омӯзгорони донишгоҳ ва омӯзгорони ДДХ ба номи Б.Ғафуров ташкил ва баргузор намояд. Мақсад аз ташкили семинар- тренинги омӯзишӣ солҳои охир ба тариқи интихоби ҷорӣ гардидани фанни “Инсоншиносӣ” дар назди кафедра мебошад. Иштирокчиёни семинар-тренинг дорои сертификат мегарданд.Дар кори семинар ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода иштирок ва баромад кард.
Семинар мазкур ин омӯзиши интенсивии 3-рӯза оид ба такмили маҳорати касбии омӯзгорони ҷавони ДДХБСТ, ДДХ ба номи Б.Ғафуров мебошад. Барномаи семинар ба муҳокимаи матнҳои асосӣ ва аз худ намудани усулҳои интерактивии таълими курси «Муқаддимаи инсоншиносӣ» нигаронида шудааст. Методикаи таълими ин курс ба педагогика асос ефтааст, ки дар маркази диккати он донишҷў меистад ва ба рушди малакаҳои таҳлилӣ, тафаккури эҷодӣ ва малакаи хаттии омӯзгорон равона шудааст.
Ҳадафи семинар иборат аз фаҳмиши матнҳои асосии курси «Муқаддимаи инсоншиносӣ», таҳия ва мубодилаи усулҳои интерактивии таълими онҳо ва ташаккул додани усулҳои инноватсионии таълим бо истифода аз принсипҳои тафаккури интиқодӣ мебошад.

You might also like