Мулоқоти роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд бо хатмкунандагони мактабҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов мулоқоти роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд бо хатмкунандагони мактабҳои ноҳия доир шуд. Дар ин вохӯрӣ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро декани факултети бизнес ва иқтисодиёти байналмилалӣ, дотсент Тӯразода Ҷамшед муаррифӣ кард.
Ба иштирокчиён иттилоъ дода шуд, ки ДДҲБСТ аз бонуфузтарин донишгоҳҳои мамлакат буда, дорои тамоми шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи раванди таҳсил мебошад. Хатмкунандагони донишгоҳ имрӯзҳо дар мақомоту идораҳо ба ҳайси роҳбар фаъолият доранд.
Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ низ сол то сол густариш ёфта, табодули донишҷӯёну омӯзгорон бо донишгоҳҳои хориҷи мамлакат ба назар мерасад.
Дар ин рӯз ҳамчунин ба хатмкунандагон рӯзномаву буклетҳо тақдим шуд, ки дар бораи ихтисосҳо ва базаи моддиву техникии донишгоҳ маълумот дода шудааст.
Хатмкунандагони мактабҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз гирифтани маълумоти лозима доир ба баъзе масъалаҳо саволҳо дода посухҳои мушаххас гирифтанд.