Муосиртарин таҳсилот дар ДДҲБСТ

Ин нукта зимни мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истаравшан аз ҷониби намояндаи ДДҲБСТ Соҳибназар Ашӯров баён шуд.
Зимни муаррифии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон илова шуд, ки ба таъсиси донишгоҳ 30 сол сипарӣ гардида, дар ин муддат донишгоҳро наздик 20 ҳазор мутахассисон хатм намуда, дар мақомоту идораҳои гуногун фаъолият доранд.
Хатмкардагони донишгоҳ дар вазифаҳои баланди давлатӣ имрӯзҳо фаъолияташонро ба роҳ мондаанд.
Ашӯров С. илова намуд, ки ДДҲБСТ бори нахуст дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмиллалӣ ноил шуда, ҳамчунин дар донишгоҳ факултети муштарак байни ДДҲБСТ ва Донишкадаи молияи Тошканд фаъолият дорад. Хатмкардагони факултети мазкур соҳиби ду диплом хоҳанд шуд.
Соли қаблӣ боз як бинои дорои тамоми шароиту имкониятҳои таҳсил бо номи Маркази таҳсилоти рақамӣ ифтитоҳ гардид, ки бе назир мебошад ва дар он шароити таҳсил бо муосиртарин таҷҳизот ва лавозимоти раванди таҳсил муҳайё гардидааст, илова намуд Соҳибназар Ашӯров.
Агар хоҳед аз муосиртарин таҳсилот бархурдор шуда, мутахассисони варзида ва дорои қобилияти баланд шавед пас ДДҲБСТ-ро интихоб намоед, гуфт ӯ.
Мулоқот бо саволу ҷавоб хотима пазируфт.

You might also like