Паёми Сарвари давлат – дастуре барои зиндагии шоиста

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДДХБСТ семинари илмию назариявӣ дар мавзӯи “Паёми Сарвари давлат – дастуре барои зиндагии шоиста” баргузор шуд. Дар семинари мазкур сардори Раесати илм ва инноватсияи донишгоҳ, дотсент Самадова З., мудири кафедра, дотсент Қобилов Б.К. ва аъзои кафедра иштирок намуданд. Дар мавзӯи “Таъмини амният – заминаи рушди босуботи ҷомеа” мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия Қобилов Б.К. ва дар мавзӯи “Таҳлили аломатхои субъективии даъвати оммави барои амали намудани фаъолияти экстремистӣ ва сафедкунии оммавии экстремизм” муаллимаи калон Каримова М.М. баромад намуданд. Доир ба масъалахои зикргардида миёни иштирокчиён ва маърӯзакунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт.

You might also like