ДДҲБСТ: Баргузории дарси робототехника дар Парки технологӣ

15 феврали соли 2024 дар Парки технологии ДДҲБСТ дарси кушоди робототехника баргузор гардид. Дарси кушоди мазкур дар якҷоягӣ бо Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он директори марказ Соҳибназаров Зикриддин иштирок ва баромад намуд.
Дар ин ҷаласа мо аҳамияти фаъолияти Парки технологӣ ва таъсири он ба рушди робототехника дар вилояти Суғдро таъкид кардем, иброз намуд директори Парки технологии донишгоҳ Абдураҳмон Маҳмудов.
Илова шуд, ки иштирокчиёни мо имконият пайдо карданд, ки на танҳо ҷузъи назариявиро бишнаванд, балки малакаҳои амалиро мустақиман бубинанд. Дар идома устоди донишгоҳ Рустам Хуҷамқулов раванди васлкунии конструксияро бо истифода аз Arduino нишон дода, чароғаки светофорро васл намуд ва сипас хатмкунандагони курси робототехника бо дастони худ аз масолеҳи шикастапора лампа васл карданд. Дар фарҷоми ҷаласа ҳамоҳангсози Технопарк Маҳмудов Абдураҳмон оид ба имкониятҳои мавҷудаи рушди ҷавонон маълумот дода, аҳамияти иштирок дар чунин ташаббусҳоро барои рушди шахсият ва касбӣ таъкид намуданд.
Парки технологии ДДҲБСТ дар якҷоягӣ бо ЮНИСЕФ курсҳои робототехникаро пешкаш мекунад. Мо омодаем ҷавононеро, ки ғоя ва хоҳиши иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалии робототехника ва ҳакатонҳо, аз қабили Infomatrix Romania ва World Robot Olympiad доранд, дастгирӣ ва роҳнамоӣ кунем, зикр шуд дар чорабинӣ.

You might also like