Идомаи маҳфилҳои илмӣ дар донишгоҳ

16 феврали 2024 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” маҳфили илмии донишҷуён бо номи «Давлатшинос» баргузор гардид. Дар оғоз мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ Фирӯза Очилова баромад намуда, иштирокчиён ва меҳмонони маҳфилро хайрамақдам гуфт.
Сипас, роҳбари илмии маҳфил Акилова М.М. доир ба маҳфили мазкур ва ҳадафи он ибрози андеша кард.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯ Шокиров Ф.Ш. дар мавзўи «Афкори сиёсиву ҳуқуқии Низомулмуки Тўсӣ” баромад намуда, қайд кард, ки Абуалӣ Ҳасан ибни Исҳоқ, ки бо тахаллуси Низомулмулк машҳур гардидааст, соли 1017 дар шахри Тўси вилояти Хуросон ба дунё омадааст. Низомулмулк яке аз сиёсатмадорон ва донишмандони пешқадами замони худ ба ҳисоб мерафт ва беш аз 30 сол вазири бузурги давлати Салчуқиён буд. Таҷрибаи бой ва тўлонии ў дар санъати идоракунӣ имконият дод, ки китоби машҳури худ «Сиёсатнома»-ро таълиф кунад. Ў инчунин як қатор мадрасаҳоро бо номи «Низомия» бунёд кардааст, ки дар онҷо ҳам илмҳои динӣ ва ҳам дунявӣ омўхта мешуданд.
Сипас, донишҷӯи дигар Абуваҳобов Асад дар мавзўи «Маърифати ҳуқуқӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Ӯ баён дошт, ки муҳимтарин роҳи ташаккули сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон дар замони муосир, ин баланд бардоштани маърифатнокии онҳо ва истифодаи имкониятҳо дар ҷустани чораҳои ҳуқуқӣ ҳангоми танзими низоъҳои ҷамъиятӣ мебошад. Хангоми ташаккули шуури баланди ҳуқуқии шаҳрвандон дар шароити рушди ҷомеаи иттилоотӣ, инчунин ба равонии шахс, ҳамчун шахсе, ки дараҷаи эҳтиёҷоти худро дар ҳаёт дорад, диққат додан муҳим аст.
Дар анҷоми маҳфил сардори раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионии донишгоҳ Самадова З. А. баромад намуда, ба донишҷӯён барои маърӯзаҳо изҳори сипос гуфт ва донишҷӯёни дигарро барои фаъол будан дар чунин маҳфилҳо даъват кард.

You might also like