Оғози мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти касбии олӣ бо хатмкунандагон
Имрӯз, 09 феврали соли 2024 дар толори Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт тибқи ҷадвали тастиқгардидаи Раиси вилояти Суғд вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ дар баробари роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода иштирок ва баромад намуд.
Мулоқотро раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифи кард.
Дар оғози мулоқот маводи тарғиботии ДДҲБСТ ба хатмкунандагон дастрас гардид.
Зимни муаррифии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ректори донишгоҳ Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. доир ба шароиту имкониятҳои таҳсил дар донишгоҳ маълумот дод. Қайд шуд, ки ДДҲБСТ аз шаш факултет иборат буда, дорои шароиту имкониятҳои хуби таҳсил мебошад. Барои донишҷӯи рақобатпазир дар бозори меҳнат гардидан дар донишгоҳ тамоми имкониятҳои моддию техникӣ аз қабили марказҳои таълимиву озмоишгоҳҳои инноватсионӣ ва лабораторияҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири раванди таълим муҳайё карда шудааст.
Дар идома, хатмкунандагон вобаста ба шароит ва имтиёзҳои донишгоҳҳо аз роҳбарони муассисаҳои тасилоти олии касбӣ пурсиш намуда, ҷавоби мушаххас гирифтанд.
Мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд бо хатмкунандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят идома меёбанд.