ДДҲБСТ: Баррасии масъалаҳои муҳим дар ҷаласаи назди ректори донишгоҳ
Дар маҷлисгоҳи бинои №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи назоратии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода бо иштироки муовинони ректор, роҳбарони сохторҳои раёсат, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласа фаъолияти самтҳои таълимиву илмӣ, тарбиявиву байналмилалӣ ва молиявиву хоҷагидории донишгоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғоз, ректори донишгоҳ Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. аз таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илму маорифи кишвар ёдоварӣ карда, иброз дошт, ки соҳаи маориф ва илм аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвари азизамон дар меҳвари сиёсати Сарвари давлат қарор дорад. Дар Паёми навбатиашон низ Пешвои миллат ба ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳ карда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ 40% маоши кормандони соҳаи маориф ва илми мамлакатро баланд бардоштанд. Ҳамчунин, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ омода намудани мутахассисон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо доданд. Дар заминаи дастгириву ғамхориҳои Роҳбари давлат ва дастуру супоришҳояшон моро лозим аст, ки сатҳу сифати таълимро бамаротиб баланд бардошта, мутахассисони дорои қобилияти баланду ихтисосманд ва забондонро тарбия намоем, илова намуд, роҳбари донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода дар идомаи кори ҷаласа.
Ҳамзамон, ӯ ба муовинони ректор ва деканони факултету роҳбарони бахшу сохторҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, тақвияти корҳои илмиву таҳқиқотӣ, ҷоннок намудани фаъолият дар самти таҷрибаомӯзӣ, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва забони давлатӣ, пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷалби донишҷӯён барои иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ, самаранок ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати ҷалби бештари довталабон ва идома додани корҳои ободонӣ дар донишгоҳ дастуру супоришҳо дод.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа