Муборизаи сарҷамъона бар зидди наҳзат

Яке аз мушкилиҳое, ки имрўз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтаву зиёда аз сад таъриф барои мушаххас намудани  он аз ҷониби олимон пешниҳод шудааст,  мафҳуми экстремизм ва терроризм мебошад. Аз ҷумла, ҳуқуқшиноси машҳури рус Л.А.Моджорян мегўяд, ки терроризм амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурўҳи одамон, барои расидан ба ҳадафҳояшон равона карда мешавад.

Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро боваркунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбонии терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу авомили бурузи афкори терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст” ва набояд фирефтаи он гашт”.

Мутаасифона, тайи чандин соли охир терроризму ифратгароӣ дар ҷомеаи башарӣ рушд намуда,  кишварҳоеро ба монандӣ Ироқу Сурия ба гирдоби ҳалокатбори худ дохил намуд, ки акнун ба ҷойи шаҳру деҳоти обод харобазору вайронаҳо боқӣ мондаанду халос. Мутассифона шаҳрвандони мо низ дар анҷом додани амалҳои терорристии кишварҳои Ироқу Сурия иштирок намуданду бархе аз онҳо қурбони чунин саҳнаҳо гардидаанд, ки боиси таассуф аст. Ҳизбу ҳаракатҳои  дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар чомеа мехисобанд. Ба ин мисол шуда метавонад  тақрибан бист созмону ҷунбиш, аз ҷумла “Ҳизби таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Толибон”, “Ҷамоаи Таблиғ”, “Тоҷикистони Озод”, “Салафия”, “Гуруҳи 24”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ут-нусра” ва “Ҳизби наҳзати ислом” ва “Паймони милли”-ро ба ҳайси созмонҳои террористиву ифротӣ шинохта шудаанд.

Фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистии зерин аз тарафи давлат манъ карда шуда, хушбахтона таҳти назорати қатъии қонун қарор дорад. Наҳзатиёни ифротӣ, ки аз шикасти худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманд нагардида, роҳ сўи Аврупо гирифтаанд, имрўз мехоҳанд дар созмонҳои ҷаҳонӣ оид ба ченаки инсонӣ аз ҳадафҳои ғаразноки худ ҳифз кунанд. Чихеле ки шоир мегуяд «Бирав аз гузаштаи рўзгор баҳра бигир» Муҳиддин Кабирӣ аз саргузашти бадбахтонаи худ хулосаи зарурӣ набароварда, имрўз боз роҳи террору экстремизмро пеша намудааст.  Ташкилоти экстремистӣ – террористии «Паймони миллии Тоҷикистон» бо сафарбарии намояндагони худ ба шаҳрҳои Аврупо, мехоҳад симои сохти конститутсионии Тоҷикистонро дар назди оламиён бадном созад. Ин ҳам як бозии навбатии наҳзатиён аст, ки мехоҳанд дар амалигардии мақсаду ҳадафҳои хоҷагони хориҷиашон нақши худро гузоранд. Ҳар як наҳзатӣ, ки имрўз ба сўи зодгоҳи худ санг мепартояд ва ба бадном намудани миллати тоҷик машғул мебошад, то ҳол дарки он накардааст, ки баръакс ў худ ва авлоди худро ба доми бадбахтӣ гирифтор сохта истодааст. Зеро фардо баҳри пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа насли ояндаи чунин авлод ҷиҳати манфӣ муаррифӣ гардида, ҳамчун зодаи оилаи хоинҳо шинохта мешавад.

Аз ин рў ҳар як шаҳрванди ватандўсти кишварро зарур аст, ки барои хунсо сохтани мақсадҳои наҳзатиён сарҷаъмона мубориза бурда, ниқоби аслии наҳзатиро ба аҳли зиёи олам нишон диҳанд. Ҷавонон, ки пешбарандагони ояндаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд,  дар раванди фош сохтани ҳадафҳои аслии наҳзатиён иштирок намуда, ҳиссагузори таъмини устувории сохти конститутсионӣ бошанд.

Мирзоҷонова М. Қ. – н.и.ф., дотсент, мудири

кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

You might also like