Тозагии муҳит ва ҳифзи он вазифаи мост
Имрӯз бо мақсади тозаву озода намудани гирду атрофи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷомеаи меҳнатии ин муассисаи таҳсилоти олии кабӣ бо ҳисси баланди меҳнатдӯстӣ ба ҳашар баромаданд.
Дар шанбегӣ кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ даромадгоҳу роҳрав ва канори роҳу ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна алафҳои худрӯю партовҳо тозаву озода карданд, ки ба зебогии донишгоҳ ҳусну таровати дигар зам кард. Тозаву озода нигоҳ доштани муҳит ва ба корҳои ободониву созандагӣ даст задан аз амалҳои нек дониста шуда, дар муттаҳидсозии аҳли донишгоҳ ва дӯст доштани ҷойи кору сарзамин ва давлату миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Баргузории шанбегӣ ва корҳои тозаву озоданамоӣ дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, аҳли донишгоҳ ин амали хубро минбаъд низ идома медиҳанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа