Баргузории маҳфили илмӣ–адабӣ бахшида ба Ҷашни Сада дар китобхонаи донишгоҳ
30 январи соли 2024 дар китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ бо кафедраи таърих ва диншиносӣ бахшида ба Ҷашни Сада таҳти унвони “Оташи ҷашни Сада, оташи меҳри Ватан” маҳфили илмӣ–адабӣ доир гардид.
Нахуст, директори китобхонаи илмӣ Гулнора Ҳайдарова сухан карда гуфт, ки баъди расидан ба Истиқлолият ва озодӣ дар Тоҷикистон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардидаанд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд. Маҳз тавассути асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намудаанд, аз нав эҳё гардидаанд.
Дар идома, баромадкунандагон дар маърӯзаҳои худ қайд карданд, ки мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Сада мисли Наврӯзу Меҳргон таърихи қадима дошта, умед ба рӯзи нав, яъне Наврӯзи оламафрӯз мебошад. Сада низ аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёитабор ба шумор меравад, ки онро 10-уми баҳманмоҳи солшумории шамсӣ, ки ба 30 – юми январи солшумории мелодӣ рост меояд, ҷашн мегиранд. Сада – ин пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ буда, 50 шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад.
Баъди суханронӣ ва маърӯзаҳои устодон аз ҷониби китобдори китобхона Умеда Умарова муаррифии китобҳо ва аз тарафи аъзои маҳфили “Дӯстдорони китоб” шеърҳо қироат гардиданд.