Баргузории ҷаласа бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар ДДҲБСТ
Имрӯз, 30 январи соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ҷаласа баргузор гардид, ки дар он роҳбарони муассисаҳои олии касбии вилоят иштирок намуданд.
Дар оғоз, таъкид шуд, ки соҳаи маориф ва илми кишвар аз соҳаҳои муҳиму калидӣ шинохта шуда, таҳти ғамхории ҳамешагӣ ва дастгириву таваҷҷӯҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Л. аз роҳбарони муассисаҳои олии касбии вилоят даъват намуд, ки ҷиҳати амалинамоии дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, корбариро пурзӯр намуда, сатҳу сифати таълимро баланд бардоранд. Абдухолиқзода Л. ба беҳтар намудани сифати таҳсилот, ҷорӣ намудани роҳу усулҳои муосири таълим, истифодаи васеи техникаву лавозимоти муосири таълим дар ҷараёни машғулиятҳо, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, роҳандозии таҳсилоти дуалӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ва таъмини хатмкунандагон бо ҷойи кор таъкид кард.
Муовини вазири маориф ва илми мамлакат ба ректорону директорони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят ҷиҳати иштироки фаъолонаи кормандону устодон ва донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дастуру супоришҳо дод.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа