Қарори одилона

Маҳз солҳои 90-ум ба майдони сиёсат воридшавии ТЭТ ҲНИ роҳро барои кишварҳои манфиатхоҳ боз намуд. Бо сармоягузории онҳо роҳбарияти ин ҳизб дар ибтидои солҳои 90-ум ба ташкили гирдиҳамоиҳо оғоз кард, ки он дар ниҳояти кор ба бархурдҳои мусаллаҳона ва ҷанги шарҳвандӣ оварда расонид. Натиҷаи амали онҳо буд, ки вилояти овозадори Қурғонтеппа ба майдони набардҳои бародакушӣ табдил ёфт ва садҳо ҳазор сокинони он ба Афғонистон ва ҷумҳурии собиқ Шуравӣ фирорӣ гардиданд ва корхонаҳои азими саноатии он аз кор монданд.

Бояд хотирнишон сохт, ки соли 2019 дар ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи басо муҳим рух дод, ки бо қарори Суди олӣ фаъолияти Паймони миллии Тоҷикистон манъ ва он ҳамчун ташкилоти террористӣ – экстромистӣ шинохта шуд.

Сарони ин ҳизби ифротӣ пас аз эъломи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон сару садо баланд намуда, ин қарори судро хостанд дар чашмаи ҷаҳониён нақзи Конститутсияи ҷумҳурӣ арзёбӣ намоянд.

Чӣ тавре ки мебинем, ба туфайли фаъолияти пайвастаи мақомоти қудратии мо тавонистанд, ки ин амалҳои ҷиноятии аъзо ва роҳбарони сатҳҳои мухталифи ин ташкилотро муайян ва даст доштани онҳоро дар амалҳои террористӣ исбот ва онҳоро тибқи қонун муҷозот намоянд.

Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза ба Ватани азизи мо – Тоҷикистон гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгаро паси парда назорат мекунанд. Баъзе шаҳрвандони мо бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷиву амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромӯш месозанд.

Аъзоён ва тарафдорони Паймони миллии Тоҷикистон ҳамон аъзоёни собиқи ТЭТ ҲНИ аст ва мо ҳамагон шаҳрвандони мамлакат онро сахт маҳкум менамоем ва мардуми бонангу ори тоҷикро даъват менамоянд, ки фирефтаи ақидаҳои ингуна ташкилотҳои ифротгар нагарданд.

Ашуров А.О. – сармуаллими

 кафедраи технологияҳои

иттилоотию коммуникатсионӣ

ва барномарезии ДДҲБСТ

You might also like