ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 01.01.2024, таҳти №АП – 479 ва дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ташкилу баргузор мегардад.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:
оҳангсозӣ – бастакорӣ;
сарояндагӣ;
навозандагӣ;
санъати тасвирӣ;
дизайн.
Баргузории даври гурӯҳҳои таълимӣ (то 1 марти соли 2024), даври факултетӣ (санаҳои 12 – 15.03.2024) ва даври донишгоҳӣ (санаи 10.04.2024) тибқи талаботи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба нақша гирифта шудааст.
Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.01.2024, таҳти №АП-479 тасдиқ карда шудаст ва Нақшаи чорабиниҳои баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»-ро, ки аз ҷониби ректори донишгоҳ аз санаи 03.01.2024 тасдиқ карда шудааст аз сомонаи шуъбаи корҳои тарбияи донишгоҳ (http://tarbiya.tj/) дастрас карда метавонед.
Ҳамаи донишҷўён, магистрантон ва докторантони донишгоҳро барои иштирок дар озмуни мазкур даъват менамоем.
Телефон барои тамос: (83422)-2-25-63, (92)-950-22-12
Шуъбаи корҳои тарбияи ДДҲБСТ!