ДДҲБСТ: Имлои забони тоҷикӣ ва риояи он дар таҳияи маводи илмӣ ва таълимию методӣ

15 январи соли 2024 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари методӣ дар мавзӯи “Имлои забони тоҷикӣ ва риояи он дар таҳияи маводи илмӣ ва таълимию методӣ” ташкилу баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия Тӯрақул Ризоқулов, мудири кафедраи забони тоҷикӣ Шавкат Рустамов ва олимону омӯзгорони донишгоҳ иштирок ва баромад намуданд.
Иброз шуд, ки мақсади баргузории семинари мазкур беҳтар кардани сатҳу сифати таълифоти илмӣ, таълимӣ, методӣ ва роҳу усулҳои дуруст омода намудани мақолаҳои илмӣ ва ба ин васила поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва арҷгузорӣ ба ин рукни муҳими давлатӣ мебошад.
Қайд шуд, ки семинари методӣ то санаи 17 январ бо ҷалби омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ба роҳ монда мешавад.

You might also like