Шиносоии хатмкунандагон аз шароиту имкониятҳои ДДҲБСТ

Тибқи нақша чорабинихои раёсати донишгоҳ аз 15.01.2024 то 20.01.2024 шиносоии хатмкунандагони МТМУ, литсею гимназияҳои шаҳри Хуҷанд аз шароиту имкониятҳои Донишгоҳ оғоз гардид.
Мувофиқи нақша, имрӯз хатмкунандагони МТМУ №15 ва мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Раёсатии маорифи вилояти Суғд ва директорони муассисаҳои мазкур зиёда аз 70 нафар хатмкунандагон ҳамроҳи омӯзгорони хеш аз Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ дидан карданд.
Аз ҷониби масъулин корҳои тарғиботии донишгоҳ ба хатмкунандагон шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи донишгоҳ, аз қабили Маркази таҳқиқоти таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат, синфхонаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, лабараторияҳо, Парки технологӣ ва Бонки таълимӣ муаррифӣ гардид ва ташрифовардагон ба шароиту имкониятҳои фароҳамшуда баҳои баланд доданд.
Пас аз шиносоӣ хонандагон аз масъулини бахши тарғиботии донишгоҳ перомуни ихтисосу факултетҳо ва маблағи шартномаву имтиёзҳои дигар саволҳо пешниҳод карда, посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар анҷом ба хатмкунандагон маводи тарғиботӣ дастрас гардид.
Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии дигар низ метавонанд аз шароиту имкониятҳои фароҳамшудаи ДДҲБСТ шинос гарданд ва ихтисосҳои донишгоҳро интихобот карда, дар донишгоҳ таҳсилашонро идома диҳанд.

You might also like