Оғози курси такмили ихтисос дар донишгоҳ

Дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи нақшаи кории Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии кормандон ва омӯзгорони донишгоҳ бо ҷалби мутахассисони варзида шуруъ аз санаи 08 январ то 08 феврали соли 2024 курси такмили ихтисоси тахассусӣ аз руйи равияи “Иқтисодӣ”доир шуда, ҳайъати профессорону омўзгорони донишгоҳ ба ин курс ҷалб гардиданд.
Гуфта шуд, ки такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани маҳорати умумикасбӣ, методикаи таълим, истифодаи технологияи муосири рақамӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва инкишофи нерўи зеҳнии омўзгор нақши муайян хозад гузошт.

 

 

You might also like