Тири хокхурдаи ифротиён

Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои истиқлолият, хусусан аз солҳои 90-уми асри гузашта то ин ҷониб, ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм таҷрибаи калон ба даст овардааст. Тавре медонем, аз нахустин давраҳои рушду такомули ҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад. Зеро ҷиноят ва ҷинояткорон дар тасаввур ва афкори маъмулӣ ҳамчун амали манфӣ нақш бастааст.

Экстремизм раванди ҷонибдории усулҳои ифротӣ, ки аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳатто аз тарафи баъзе давлатҳо созмон ва дастгирӣ меёбанд, дониста мешавад.  Ифротгароии динӣ фаъолияти аз нигоҳи динӣ ниқобпўшониест, ки базурӣ дигаргун сохтани сохти давлатӣ ё ғасби зураворонаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзи давлат мебошад.
Терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ дар ҷомеаи имрӯза яке аз омилҳои хавфноки ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи пуршиддат бар зидди ин навъи хата, ба вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷа мубаддал гардидааст.

Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар раванди он пас аз чанде Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таъсис тода шуд, дар мавсими оғози соҳибистиқлолият ба сатҳи иҷтимоӣ – иқтисодии зиндагии мардум таъсиргузор гашт. Замони барқарор гардидани давлати  ҳуқуқбунёди соҳибистиқлол, гузаштан ба шаклҳои навиқонунгузорӣ дар шароитҳои мураккаби  ҷамъиятӣ ҷараён мегирифт ва табиист, ки сатҳи ҷинояткорӣ, падидаҳои номатлуб ба таъғйирёбии хусусият ва сифати он ба низоми ҷамъиятӣ, истеҳсолот, тақсимоти неъматҳои моддӣ, маданият ва иҷтимоиётиҷомеа таъсир расонид.

Бо сабабҳои маълум гурӯҳҳои муташаккили  ҷинояткор бо қувваҳои сиёсӣ дохил шуда, фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатиро фалаҷ гардонида, бо роҳи фишору зуроварӣ соҳаҳои иқтисодиёт ва арсаи сиёсиро зери назорат мегирифтанд. Ғайр аз ин, дар солҳои даргириҳои муқовимати шаҳрвандӣ миқдори зиёди аслиҳа ба дасти гурӯҳҳои ҷинояткорон ба мисоли размандагони ТЭТ ҲНИ афтод, ки онҳо аз вазъияти басо ногувори кишвар истифода бурда, бар хилофи сохти давлатдорӣ нисбат ба аҳолии осоишта ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин чун таҷовуз, одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, ифротгароӣ ва актҳои террористӣ ба ҷон ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ содир намуданд. Аз рӯи таҳлилҳо, то кунун гаравидани баъзе аз ноболиғону ҷавонони тоҷик  ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ, таҳсил дар мактабҳои ғайрирасмии кишварҳои исломӣ мушоҳида мешавад. Айни замон ташкилотҳои террористии «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизби таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати даъват», «Салафия», «Толибон» «Давлати исломӣ» ва «Ҳизби наҳзати ислом», “Паймони миллӣ” ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, ноболиғонро бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намуда, ба давлатҳои исломӣ мефиристанд.

Ифротгароӣ дар шароити имрӯза бештар ба сиёсат дахл намуда, тазоҳуротро  дар ниҳоди ҳамаи мазҳабҳо ба вуҷуд овардааст. Мақсади ниҳоии онҳо ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи бесарҳади мусулмонист.

Мақсади асосии давлату ҳукумат таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа, такмилдиҳӣ ва мукаммалгардонии ҷанбаҳои ҳарбии ҳамкорӣ, муқовимати шадид бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла алайҳи ҳизб ва ҳаракатҳои террористӣ ва дигар таҳдидҳо ба шумор мераванд. Бояд ҳар яки мо дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баҳри решакан намудани амалҳои номатлуб ба мисоли ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  мубориза барем.

Пӯлотов Б.Б.сармуаллими кафедраи

технологияҳои итттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ

You might also like