Шарофати созмонҳои ифротӣ
Имрӯз кулли аъзоёни ҷомеаи ҷаҳониро ифротгароӣ ба ташвиш овардааст. Терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи ҳодисаҳои номатлубанд, ки осудагӣ ва тинҷии ҷомеаро халалдор намуда, ба амнияти ҳар як мамлакат хатар эҷод мекунад. Лек мувофиқи гуфти зархаридони хориҷа, хоин, душманони халқи тоҷик аництараша нащзатиёни ватанфуруш, онҳо “ғамхору тарафдори некӯаҳволии тоҷикон” мебошанд, агар чунин аст, чӣ зарурият ташкили ҳаргуна ҳизбу созмонҳои ифротӣ. Бинобар ин мо мардуми тоҷик рафтори онҳоро маҳкум месозем. Қайд кард бамаврид аст, ки «географияи иғвоандози»-и хоинони Ватан васеъ шуда истодааст. Аз Аврупо истода хуждро “патриот” ном гирифтан аҳмақист.
Дар давоми соҳибистиқлолии кишварамон рузҳои сахте, ки ба вуқӯъ омаданд маҳз ба туфайли “шарофати” наҳзатиёни ифротӣ аст, ки амнияти кишварро халадор намуд. Лек бо сарварии Пешвои миллат халқи заҳматкаши мо он рўзҳои мудҳишро паси сар карда, имрўз ба давраи ободу зебо расид.
Чӣ тавре ки мебинем, ба туфайли фаъолияти пайвастаи мақомотҳои қудратии мо тавонистанд, ки ин амалҳои ҷиноятии аъзо ва роҳбарони сатҳҳои мухталифи ин ҳизбу созмонҳоро муайян ва даст доштани онҳоро дар амалҳои террористӣ исбот намуда, онҳоро тибқи қонун муҷозот намоянд. Ҳеҷ гоҳ намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба шумоён дида, бар зидди халқи худ даст намебардорад. Мо акнун давлате, ки ба пои худ устувор истода табдил гаштаем.
Ба мардуми тоҷик руй оварда гфутаниам, ки эй мардум бовар накунед ба ин душманони давлат, наҳзатиён давлатро ба харобазор табдил мекунанд. Агар ҳак бошед аз дур истода гап назанед! Биёед дар назди халқ-ошкоро рўи рост гап занед.
Мо мардуми бонангу номус ҳаргиз намегузорем, ки хоинони Ватан дасти хунолуди худро ба Тоҷикистон зананд. Хиёнат ба Ватан, миллат, давлати миллӣ нобахшиданист. Алҳазар аз хиёнату хиёнаткорон. Алҳазар аз зодаҳои терроризм.
Мо устодон, ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамоем. Хушбахтона, имрўз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки масъалаи таълиму тарбияро дар ҷои аввал гузошта, имкониятҳои кишварро барои боло бурдани маънавиёти ҷавонон қарор диҳем.
Ҷалилова У.Т.– сармуаллимаи кафедраи фанҳои
риёзӣ – табиатшиносии муосири ДДҲБСТ