Оғози мусобиқаи футбол байни кормандону устодони донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ

Имрӯз дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими кушодашавии мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандону омӯзгорони донишгоҳ
бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу баргузор гардид.
Дар оғози мусобиқаи варзишӣ ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода ва муовинони ректор, садорати факултетҳо ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.Мусобиқаи мазкур аз санаи 21.11.2023 то санаи 25.11.2023 дар варзишгоҳи донишгоҳ баргузор мегардад.
Иброз шуд, ки мақсади мусобиқаи мазкур тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим байни кормандону устодон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни онҳо, баланд бардоштани маҳорати варзишии кормандону омӯзгорон, муайян намудани дастаи мунтахаби донишгоҳ ва иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад.
Дастаҳои ғолиб бо маблағҳои пулӣ ва медалу дипломҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ хоҳанд шуд.

You might also like