Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Алянси байналмилалии донишгоҳҳои Авруосиё — Чин эътироф ва пазируфта шуд

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Алянси байналмилалии донишгоҳҳои Авруосиё — Чин эътироф ва пазируфта шуд, ки дар оянда барои ба амал баровардани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар донишгоҳҳои аъзои Алянс муфид хоҳад буд.
Ин нукта зимни маросими расмии таъсиси Алянси байналмилалии донишгоҳҳои Авруосиё — Чин дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва санъат, ки бахшида ба даҳсолаи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» дар Донишгоҳи педагогии Шэняни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Форуми байналмилалӣ оид ба табодул ва ҳамомӯзиши тамаддуни Авруосиё баргузор гардид, баён шуд.
Дар форуми байналмилалӣ зиёда аз 33 намояндаи донишгоҳ аз 8 давлат иштирок намуданд. Дар ҷаласаи пленарӣ ва кори форум Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро декани факултети ҳуқуқшиносӣ Шероз Тоыибоев намояндагӣ намуд.
Таъсиси ин алянс барои амалӣ намудани ҳамкории байналмилалии донишгоҳҳои аъзо, табодули академии донишҷӯён, баргузор намудани таҳқиқоти якҷояи омӯзгорон, рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дигарҳо нақши муҳим мебозад.

You might also like