Боздиди устодону донишҷӯёни донишгоҳ аз ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳию меҳанпарастӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии донишҷӯён аз санаи 09.11.2023 то санаи 12.11.2023 ҷиҳати дидан ва омӯзиши муассисаҳои илмиву таърихии маркази ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе ва мавзеҳои таърихии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии мудири кафедраи таърих ва диншиносӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳомидзода Ф.М., мудири шуъбаи корҳои тарбияи донишгоҳ Ҳасанов М.М., ассистенти кафедраи таърих ва диншиносӣ Олимов Д.Р. ва 17 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дидан намуданд.
Донишҷӯён ҳамроҳи устодон зимни сафар аз Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи бостоншиносии миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав ва қалъаи Ҳисору қалъаи Ҳулбук дидан намуда, таассуроти зиёд пайдо карданд.

You might also like