Ғолибияти донишҷӯи донишгоҳ дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ёқубхӯҷа Рустамов дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “муай – тай” байни калонсолон, ки бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе доир шуд, ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардид.
Дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “муай – тай” беш аз 500 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд. Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ёқубхӯҷа Рустамов дар ин мусобиқа се ҳарифашро мағлуб намуда, ба гирифтани мақоми аввал ноил гардид.
Барои пирӯзӣ дар ин чемпионат ба Ёқубхӯҷа Рустамов Диплому медал ва унвони устоди варзиш тақдим шуд. Ҳамзомон, бо пирӯз шудан дар ин мусобиқа донишҷӯи донишгоҳ роҳхати бозиҳои Осиёӣ, ки моҳи феврали соли 2024 дар Таиланд баргузор мегардад ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки чемпионати мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу барзузор гардид.

You might also like