Баргузории маҷлиси тантанавӣ ва конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва нақши он дар ташаккул ва таҳкими институти президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

14 ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ва конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва нақши он дар ташаккул ва таҳкими институти президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.
Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода меҳмононро муаррифӣ карда, иброз дошт, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид.
Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Тоҷибой Султонзода, ва намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Умар Ҳабибуллоев паёми табрикотии МИҲД-и вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар вилояти Суғдро ба муносибати солгарди Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокчиён расониданд.
Дар идомаи кори конференсия як зумра ходимони давлативу ҷамъиятӣ, вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва устодон аз қабили ходими давлативу ҷамъиятӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 3-юм) Шуҷоат Ҳасанова дар мавзӯи “Хотираҳо аз таърихи ташкил ва баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вакили Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорхон Муҳиддинов бо номи “Хотираҳо аз лаҳзаҳои Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дотсент, декани факултети бизнес ва иқтисодиёти байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷамшед Тӯразода дар мавзӯи “Президенти мо – ифтихори мо”, профессор, декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ Мунира Акмалова дар мавзӯи “Иҷлосияи наҷотбахш ва нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ” маърӯза намуданд.
Зимни маърӯзаҳои баромадкунандагон зикр шуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон воқеаи бузурге буд, ки дар таърихи навини халқи тоҷик бе ҳамто аст ва мо маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот дода, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт. Маҳз ҳамин иҷлосия буд, ки фарзанди фарзонаи миллат, роҳбари кордону сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ зимоми давлатдориро ба даст гирифта кишвари дар ҳоли парокандашавиро ба мамлакати воҳиду пешрафта мубаддал гардонид.
Дар идомаи кори ҳамоиш ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ, озмунҳои ҷумҳуриявиву вилоятӣ ва ғолибони озмунҳои донишгоҳии “Иншои беҳтарин” дар мавзуъҳои «Нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳу субот», ва «Президенти мо – ифтихори мо» бо Сипосномаву Ифтихорнома ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.
Барномаи омоданамудаи адабиву фарҳангии донишҷӯён ба маҷлиси тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like