Мангар бар гиребони худ
Рўзҳо охир тавассути расонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромаду суханрониҳои роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ пахш шуда истодааст.
Ростӣ ҳаминро бояд иброз дошт, ки як гурўҳ ба ном «исломиён» ва “демократҳо” то ҳол мехоҳанд вазъи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо ҳар роҳу восита ногувор намоянд. Онҳо андешаи онро надоранд, ки ҳаводиси имрўзинаи ҷаҳонӣ, экстремизму терроризми имрўза чи қадар нобасомониҳоро ба миён оварда истодааст. Як мисоли оддиро таъкид менамоем, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандии давлати Сурия дар давоми чанд соли охир зиёда аз 220 ҳазор нафар ба ҳалокат расида танҳо 70% фоизи замини ин давлат ба хушксолӣ дучор гардида, дар баъзе минтақаҳои он 75% маҳсулот хоҷагии халқ несту нобуд карда шуда ба ҳаёт ва саломатии 1,3 млн нафар таъсири мусбӣ расонида солҳои охир зиёда аз як миллион нафар мардуми ин кишвар ба гуруснагӣ дучор гардиданд.
Магар ин рақамҳо шоҳиди он шуда наметавонанд ба он нафарҳое, ки мехоҳанд вазъияти ороми Тоҷикистони ободи моро ногувор созанд. Ин рақамҳо барои онҳо бояд дарс бошад ва як кулфату шиканҷае, ки, ба сари мардуми мо солҳои 90-ум омада буд кифоя аст. Мо гуфтанием, ки Муҳиддин Кабирӣ то ба кай ба чашми хоҷагонат хок мепошӣ? Наметарсӣ, ки як руз сиру асрорат фош мешаваду туро хамчун каллоби сиёсӣ аз майдони сиёсат барканор мекунанд? Ба хуш биё! Ба хочахоят росташро гуй! Икрор шав ки ту хеч вакт эътилофе, ки онхо мехоханд, сохта наметавонӣ! Точики баномус, рушанфикр, точике, ки ба сарнавишти Точикистон бетараф нест, хеч вакт ба ту намепайвандад. Ў бояд донанд, ки пеш аз чунин даъвоеро пеш овардан як ба чеҳраи худ назар афканад, ки киро мебинанд. Гиребони худро бӯй кунанд, ки чӣ бӯе дорад!
Дар асоси ин гуфтаҳо ҳамаи моро зарур аст масъулияти худро дар самти дучанд созем ва нагузорем, ки ин гуна нохалафони миллат Тоҷикистони азизро беобрў созанд. Ин вазифаи аввалиндараҷҷаи ҳар яки мо аст. Мо бояд шукронаи истиқлолият, шукронаи осмони софу беғубори кишвар ва шукронаи ҳар як қатраи оби зулоли ватани маҳбубамонро қадр намоем, зеро чи хеле, ки Пешвои миллат қайд намуданд ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, барои Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем. Зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад.
Мирсаидов С. – н.и.и., дотсент,
мудири кафедраи маркетинг –
агробизнеси ДДҲБСТ