Фаъолияти ташкилот ва харакатҳои характери экстремистидошта дар хориҷ ва таҳдиди он ба муҳоҷирон

Масъалаҳои вобаста ба муҳоҷират бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 «Дар бораи муҳоҷират» ба танзим дароварда шуддаст. Ин Қонун асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷиро муқаррар намуда, ба танзими раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541).

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зайл истифода мегарданд:

-муҳоҷират – ҷойивазкунии бебозгашт, муваққатӣ, инчунин мавсимии шахси воқеӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҷумхурии Тоҷикистон, инчунин вобаста ба тағйири маҳалли истиқомат, кор, кучидани  шахси воқеӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-муҳоҷирати дохилӣ – ҷойивазкунии бебозгашт, муваққатӣ инчунин мавсимии  шахси воқеӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-муҳоҷири хориҷӣ – шаҳрвандони хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ ё доимӣ омадаанд;

-муҳоҷирати хориҷӣ – ҳиҷрати шаҳрвандони хориҷӣ ё  шахси бешаҳрвандӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ ё доимӣ;

-муҳоҷирати оилавии хориҷиён – ҳиҷрати гуруҳи хешовандон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ ё доимӣ;

-муҳочирати коллективонаи хориҷиён – муташаккилона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кучида омадани шаҳрвандони хориҷӣ ва  шахси бешаҳрвандӣ;

-муҳоҷирони ғайриқонунии хориҷӣ – шаҳрвандони хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки мустақилона, бе иҷозати дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд ё онро бо роҳи фиреб гирифтаанд, инчунин ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозати дахлдор омада, вале онро баъди гузаштани муҳлати будубош тарк накардаанд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).

-муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа – сафари ихтиёрии қонунии шаҳрвандони ба таври доими дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  сукунатдошта ба хориҷи кишвар, инчунин сафари шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба таври доими берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон   сукунатдошта ба ҳудуди он барои машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;

-муҳоҷирати меҳнатии наздисарҳадӣ – сафари ҳарруза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди давлати ҳамсарҳад ва сафари харруза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони давлати ҳамсарҳад ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, бо шарти истиқомати доимӣ дар ҳудуди давлати тарк намудаашон;

-коргари муҳоҷир – шахсе, ки дар давлати ҷои кор, ба таври доими истиқомат намекунад, шаҳрванди он намебошад, ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ё машғул  мешавад;

-коргари наздисарҳадӣ – коргари муҳоҷире, ки ҷои истиқомати муқаррарии худро дар давлати ҳамсарҳад нигоҳ медорад ва ҳар руз ё як маротиба дар як ҳафта ба он ҷо бармегардад;

-давлати таркнамуда – давлате, ки коргари муҳоҷир дар қаламрави он ба таври доими истиқомат дорад ва барои машғул шудан ба кори музднок ба давлати дигар сафар мекунад;

-давлати ҷои кор – давлате, ки дар он коргари муҳоҷир ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ва ё машғул мешавад;

– муҳоҷирон – шахсоне, ки бо мақсади истиқомати доимӣ ба маҳалли пештараи зист, ба ватани аҷдодӣ баргаштаанд (репатриантҳо), инчунин шахсоне, ки бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ бастаанд ё шахсоне, ки кишвари истиқомати доимии худро ихтиёран тарк карда, барои истиқомати доимӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд; (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)

-муҳоҷирони иҷборӣ –  шахсе, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бинобар нисбат ба онҳо содир гардидани зуроварӣ ва таъкиб, ё вобаста ба нишонаҳои мансубияти нажодӣ ё миллӣ, эътиқоди динӣ, забонӣ, мавқеи сиёси, мансубият ба гуруҳи муайяни иҷтимоӣ вобаста ба хавфи таҳдиди воқеии таъкиб на танҳо ба худи онҳо, балки ба аъзои оилаи онҳо иҷборан маҳалли истиқомати доимии худро тарк карда, дар ҳудуди кишвари хориҷӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №470).

-маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирон – маҳалли аҳолинишини ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақоми марказии иҷроия бо мувофиқаи мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдор муайян шудааст ва дар он хонаҳои истиқоматие мавҷуданд, ки барои ҷойгир кардан ва истиқомати муваққатии репатриантҳо, реэмигрантҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва фирориён мувофиқанд;

-репатриатсия – ба ватан бозгашт ё баргардонидани асирони ҳарбӣ, шахси зуран кучонидашуда, фирориён ва муҳоҷирон;

-репатриантҳо –  шахси воқеие, ки вобаста ба репатриатсия бармегарданд;

-эмигратсия – ҳиҷрати бебозгашт ё муваққатии  шахси воқеӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари хориҷӣ;

реэмигрантҳо – ба Ватан баргаштани  шахси дар эмигратсия буда;

-эмигрантҳо –  шахси воқеие, ки эмигратсия мекунад;

-муҳоҷири экологӣ –  шахси, ки манзили худро бар асари офатҳои экологӣ ноилоҷ тарк кардаанд.              (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).

– муҳоҷирати экологӣ – ҷараёни маҷбурии кўчидани шаҳрвандон дар ҳудуди давлати худ вобаста ба вайрон гардидани вазъи муҳити зист ё фалокатҳои экологӣ; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).

-субъектҳои хоҷагидорӣ – шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки фаъолияти хоҷагидориро ба амал мебароранд ва барои фаъолияти бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).

Принсипҳои асосии танзими муҳоҷират (Моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 «Дар бораи муҳоҷират»)

Муҳоҷират бо принсипҳои зерин асос меёбад:

– таъмини ҳуқуқии инсон барои интихоби озодии маҳалли истиқомат, озодии меҳнат, интихоби озоди навъи фаъолият ва касб, озодии ҳиҷрат, озодии рафтуомад;

– норавоии ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқ аз руи миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, маълумот, вазъи ҳуқуқии иҷтимоӣ ва молу мулк; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).

– иштироки мақомоти дахлдори давлатӣ дар ташкили ба низом овардани равандҳои муҳоҷират;

– иштироки шахсии муҳоҷирон дар ҷобаҷокунӣ дар маҳалли нави истиқомат бо дастгирии унвонии давлатии ташаббус ва худфаъолияти ҳар як шахс, дар навбати аввал онҳое, ки аз минтақаҳои офати экологӣ ва табиӣ кучонида шудаанд;

– манъи бадарға ё баргардонидани маҷбурии муҳоҷирон ба кишваре, ки онҳо аз он омаданд;

– ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ.

Субъектҳои муҳоҷират (Моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 «Дар бораи муҳоҷират»)

1.Шахсоне, ки тибқи Қонуни мазкур барои истиқомати доимӣ ё муваққатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат гирифтаанд,  вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони хориҷиро мегиранд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).

2.Шахсоне, ки дар асоси қонунӣ барои истиқомати доимӣ   аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ кучидаанд (ғайр аз ходимони сафоратҳо ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ муваққатан фаъолияти меҳнатиро анҷом медиҳанд, хизматчиёни ҳарбие, ки вазифаи ҳомиёни сулҳро иҷро мекунанд, инчунин  шахсе, ки дар таҳсил, табобат, сафарҳои туристӣ ва хизматӣ мебошанд)  вазъи ҳуқуқии  муҳоҷиронро мегиранд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).

3.Шахсоне, ки дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷборан кучидаанд, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони дохилиро мегиранд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №470). (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).

4.Шахсоне, ки ҷиноятҳо ба муқобили сулҳ, башарият, инчунин хусусияти террористӣ ва экстремистидоштаро содир кардаанд, муҳоҷири хориҷӣ ва ё реэмигрантҳо эътироф карда намешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №470). (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541).

Ҳар як ҳизбу ҳаракатҳое, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон фаъолияти онҳо манъ карда шудааст (бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006 фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии зерин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст:

– Ташкилоти «Ал-Қоида»;

– Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ;

– Ҳизби Исломии Туркистон (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон);

– Ҳаракати Толибон;

– Ташкилоти Бародарон Мусулмонон;

– Ташкилоти Лашкар Тайба;

– Гуруҳи Исломӣ (Ҷамоати Исломии Покистон);

– Ҷамъияти Таблиғот;

– Ташкилоти динии миссионерии Созмони Таблиғот;

– Тоҷикистони Озод.

Ҳамчунин, бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2009 фаъолияти равияи динии «Салафия», аз 3 майи соли 2012  фаъолияти ҷамоати «Ансоруллоҳ» ва соли 2015 Ҳизби наҳзати ислом манъ карда шудааст), ба муҳоҷирони дар хориҷи кишвар қарор дошта хатар эҷод менамоянд.

Барои созмонҳои дар боло номбар шуда ва дигар ташкилотҳои мамнўъ ҷавонон (синни 14-30 сола) ҳамчун объекти диверсияҳои идеологӣ баромад мекунанд.

Бо мақсади пешгирии падидаҳои номатлуб дар Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дахлдор қабул шудаанд, аз ҷумла Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 тасдиқ гардидааст).  Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (минбаъд – Стратегияи мазкур) мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

Стратегияи мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, мутобиқ ба иқдомоти Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шўрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.

Стратегияи мазкур тибқи Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо дарназардошти таҷрибаи амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 таҳия шудааст.

 

Пўлотов К.И. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,   криминалистика ва пешгирии коррупсияи  ДДҲБСТ

You might also like