КАБИРӢ – ДУШМАНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Чи хеле, ки ба мо маълум аст мақсади ягонаи Кабрии хоин ва ҳаммаслакони ў ин ба сари ҳокимият омадани ў ва умуман наҳзатиён аст. Аз оғози фаъолияти Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизб онҳо танҳо як мақсад доштанд ва барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ Кабириву наҳзатиён ҷиноятҳои зиёд содир намуданд, ки аз тарафи мақомотҳои дахлдор ҳар як ҷиноятҳои онҳо ошкор ва исбот карда шуда, қисме аз ин ашхосон ҷазои худро гирифтаан ва қисме аз онҳо ба монанди Кабирӣ роҳи гурезро пеш гирифта дар хориҷа ба ҳоҷагони худ ҳамчун саг хизмат карда гаштаанд.

Кабирӣ ҳеҷ гоҳ осудагӣ, сулҳу амният, пешравӣ ва шукуфоии Тоҷикистонро намехост ва намехоҳад ў танҳо мақсади ҷамъ кардани пули молро дорад. Дар баромадҳои худ қайд менамояд, ки дар Тоҷикистон гўё танҳо кӯдакону калонсолон ҳастанд, ки ин аллакай аз он дарак медиҳад, ки Кабирии хоин дар бораи вазъи ҳақиқии Тоҷикистону мардуми он тамоман маълумот надорад зеро имрўз қисми зиёди мардуми моро ҷавонон ташкил медиҳанд ва баъзе муноқишае, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сарзада буд аз он шаҳодат медиҳад, ки чи қадар ҷавонону бонангу номуси Ватан дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳамоишҳо баргузор намуданд ва гўё аз ин ҳамоишҳои ҷавонон, ки нисбати таъмини сулҳу субот, фаъолияти ғаразноки Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ баргузор гардидааст бехабар бошад.

Ҳар як пешравӣ, ҳар як бурдбориҳо, ноил шудан ба мақсадҳои стратегии кишвари азизи мо Кабириву ҳаммаслакони уро бозҳам рўҳ афтода мегардонад зеро пешравии Тоҷикистону мардуми мо ба манфиати онҳо нест.

Бевосита ба ҳамагон аён аст, ки бо кўшишҳои Асосгузори Сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мўҳтарам Э. Раҳмон дар шароити имрўза дар кишвари азизамон ҷавонони даврони истиқлолият барои озодона таҳсил кардан, барои пешрафт ва соҳиби обрўю эътибор ва мақоми арзандатар ноил гаштан тамоми шароитҳоро доранд.

Чи хеле, ки дар боло зикр намудем аъзоёни ТЭТ ҲНИ барои ноил шудан ба мақсадҳои розилонаи худ кўшиш менамоянд ба амалҳои ифротии худ, бо ҳар роҳи фиребу ба мафкураи ҷавонон таъсир расонида барои ноил гаштани мақсадҳои худ хиёнат ба миллату ватан карда истоаанд.

Имрўз дар Тоҷикистони азизу маҳбубамон сулҳу субот ва оромӣ ҳукмфармост, ки ягон хоин ва наҳзатиёни хиёнаткор рад карда наметавонад.  Инсонони ватанпарвар қалбашонро бо ҳислатҳои мусбат, баландбардории қобилияти касбӣ ва комёбиҳои назаррас зиннат медиҳанд, муҳаббат ва обрўю эътиборро ба сўи худ ҷалб менамоянд.

Ҷомеа бояд дар ин ҷода ҳушёриву зиракиро аз даст надода, ба корҳои фитнагарону иғвоангезони ТЭТ ҲНИ фирефта нашавад, дарк намояд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ғамхорӣ халқ буда, Президенти мамлакатамон кафили сулҳу субот мебошанд.   Дар айёми осудагию фазои ором, бигзор  ҷомеа ва ҷавонон бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масоили худшиносии миллӣ, мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани некуаҳволии халқ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ,  раҳои  аз бунбасти  коммуникатсионӣ, омўзиши касбу ҳунар, забондонӣ ва ғайра бештар диқкати зиёд зоир намояд.

Раҳмонов М.М. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ 

You might also like