ХИЁНАТ – ГУНОҲИ НОБАХШИДАНИСТ
Ҳайфи одамӣ ба носипосмандоне, ки доғи падару модару Ватан гашта, бо ҳазорон афсӯсу надоматҳо зери парчами бегонае акнун таҳдид ба Тоҷикистон мекунанд. Ба он Тоҷикистоне, ки ба воя расонид, дарс дод, дониш дод, таълим дод, тарбия дод, нон дод. Имрӯз ҳавояшро тангу тор карданӣ аст. Бадхоҳе ҳаргиз ба мақсад намерасад. Тоҷикистон бо сарвари хирадманд, оқил ва дурандеш ояндааш гул-гулшукуфон аст.
Аз рўи расонаҳо ва хабарҳои иттилоотии ватанӣ ба мо маълум гашт, ки Муҳаммадиқбол Садруидинов яке аз инсони палиди ватанфурўш буда, баҳри манфиати худ шахсони соддадилро ба фирефтаи худ гирифта аз маблағҳои пулии онҳо даромади калон ба даст овардааст. Илова бар ин аз рўи маълумотҳои омории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки ин ашхоси беватан даҳ сол қабл ба чунин роҳҳои фиребгариву ифротгароӣ машғул буда як аз пайравони М.Кабирӣ кору фаъолият менамудааст.
Қобили қайд аст, ки Муҳаммадиқбол Садруидинов ҳаминро бояд бидонад, ки аз оғози солҳои 2010 то инҷониб ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то рафт бо халқу мардуми осоиштаи ватандусташ мушкилиҳои зиёдеро паси сар намуда ба маълумотҳои бардуруғ ва гуфторҳои заифонаи чунин инсонҳои ба мисоли М.Кабирӣ, Ш.Гадоев ё ин марди бе номуси хоини ватан Муҳаммадиқбол Садруидинов ғамгин нахоҳад шуд. Зеро ҳамагон медонанд, ки аллакай дар тӯли даҳ соли охир ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо халқу мардуми заҳматкашаш ба дараҷаҳои баланди байналмиллалии ватандориву ватанпарастӣ расида, ба ҳадафҳои миллии худ ноил гаштааст.
Аз ҳамин лиҳоз бояд, қайд кард, ки Муҳаммадиқбол Садруидинов метавонад андаке сабр намояд, зеро мақомотҳои волоии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин инсонҳои бе ватани палидро намегузоранд, ки бо чунин сафсатаҳои бардуруғи худ моро ба фирефтаи худ гирифта ҳамчун ғуломи худ созанд. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки дере нагузашта мақомотҳои волии ватанӣ ҳамачониба корҳои кофтуковии худро мустаҳкам намуда чунин қаллобони хоини ватанро дастгир менамоянд. Мо ҳамагон намегузорем, ки ватани орому осоиштаи моро ин махлуқотони ҷондори бераҳм халалдор созанд.
Пайравони М.Кабирӣ оё медонед: инсоне, ки дар тахти болоии ватани худ менишаст ва қалби пок, муҳаббат нисбат ба ватан, пешравии миллату давлаташро барои худ ҳамчун як вазифаи асосӣ лоақал хушбахтии оилаи худ меҳисобид бояд аз чунин орзуе, ки на ба ҳамагон насиб мегардад даст накашида ба ватани бегонагон ҳамчун хоини давлат ва гуреза намешуд. Гуфтаҳои расмии Кабирӣ ва пайравонаш аз ҷумла Муҳаммадиқбол Садруидинов дар пояи ҳақиқат нест. Зеро дар солҳои пешина роҳбарияти кишвари азизамон барои М.Кабирӣ боварии комил пайдо намуда бо мақсади боз ҳам пурзур намудани сулҳу суботи давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҳизби амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ-ро барои фаъолияташон бо пуррагӣ иҷозат дода М. Кабириро ҳамчун роҳбар овоз интихоб намуданд. Лек сад афсус, ки ҳадафҳои асосии М. Кабирӣ ва пайравонаш ин дидаву дониста ноором сохтани миллату давлат, хунрезии бегуноҳон, қашоқиву сарсонӣ фарзандони тоҷик будааст.
Хулоса, ҳаминро қайд кард, ки ба миллати сарҷамъу аҳл тири душман хато мехӯрад. Имрӯз халқи тоҷик бо Пешвои муаззамаш роҳи сулҳу субот, рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумро пеша кардааст.
Тоҷикистон ба пеш – ҳамеша ба пеш барои ноил гаштан ба Стратегия милии рушд бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дадоматов Д.Н. – мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ