Кабирӣ ҳаргиз ба мақсад намерасад!
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷомеа равияҳо ва лидерҳои сиёсие арзи вуҷуд доранд, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқандозӣ равона гардидаанд. Чуноне, ки аз тарафи оинаи нилгун ва сомонаҳои иҷтимоӣ хабарҳое бармеоянд, ки ба мафкураи ҷомеаи муосири Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонанд. Мисоли ҳақиқи ин суханони Муҳиддин Кабирӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо мақсади ба иғво андохтани ҷомеа, вайрон намудани мафкураи он ва ниҳоят сарнагун намудани ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ин албатта оқибати ифротгароӣ ва бар зидди сохти конститутсионӣ равона шуданро ба миён меовард.
Хушбахтона ин хоинони миллат дастрасӣ ба яроқу аслиҳа надоранд, вале надоштани яроқу аслиҳа, қаноти ҳарбӣ, маънои онро надорад, ки онҳо мубориза бурда наметавонанд ва мо нисбати амалҳои онҳо бетарафӣ нишон диҳем. Зеро ки ҷори намудани идеологияи муайян ва нобуд сохтани тафаккури ҷомеаи солим махсусан ҷавонони ояндабахш аз зарарҳои яроқу аслиҳа даҳҳо маротиба зиёд мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар дигар давлатҳо қарор гирифта, ҳатто дар он ҷо тарафдорони худро пайдо намуда, сохти давлатдорӣ, шакли идоракунӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дигаргун намудан ғайри имкон мебошад.
Ташкилотҳои ифротгароӣ аз қабили ТЭТ ҲНИ, ки ҳоло дар хориҷ Паймони миллӣ номгузорӣ шудааст, дар ниқоби дини ислом пайравони худро пайдо карда, оҳиста-оҳиста дунявиятӣ Тоҷикистон, осудагиву некуаҳволии мардумро дар зери хатар гузоштанд, ки ин ҳадафҳои норавшану ғайриқонунӣ мебошанд, зеро ки халқи Тоҷикистон, кисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озоди ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст.
Ин хоинони маллат бо паҳн намудани ҳар гуна наворҳо, танҳо ва танҳо мехоҳанд, мардумро зидди давлату миллат равона намуда, дар Тоҷикистон бетартибиҳо ва ҷанги шаҳрвандиро оғоз намоед.
Баъзе аз ҷавононе, ки ба онҳо ҳамфикр гаштаанд намефаҳманд, ки 29 сол дар назди таърихи инсоният ин баробари як миҷа задан буда, дар 29 сол расидан ба чунин дастовардҳо кори осон нест. Онҳо имрӯз дар хоириҷи кишвар қарор гирифта, моро танқид менамоянд. Вале худ барои Тоҷикистон чӣ кардаан? Ягон кор накардаанд. Танҳо ҷанги шаҳрвандиро оғоз намуда, ба сари мардум чунин мушкилиҳоро оварданду халос. Ба ҳама маълум аст, ки онҳо хоинони асили миллат ҳастанд. Дар баромадҳояшон иброз медоранд, ки гӯё Тоҷикистон ҳоло ҳам дар давраи ҷанг қарор дошта бошаду дар Тоҷикистон ҳоло ҳам гӯшнагӣ бошад. Мо шаҳрвандони Тоҷикистон шукри Худо менамоем, ки дар Ватани азизи мо ҳама шабро бо шиками сер ва дар кӯчаву дигар ҷойҳо не, балки дар хонаи худ саҳар менамояд.
Ҳамаи мо хуб бояд донем, ки ҷанг дар ягон давру замон ба ягон мардуми олам хушбахтӣ наовардааст. Ин ноинсофҳо барои пул ба хоҷагони худ фурӯхта шуда, ба сари падару модар ва хоҳару додар, дигар наздикони худ ва дар умум ба сари сокинони Тоҷикистон ҷангро овардан мехоҳед.
Мо мардуми Тоҷикистон бо боварии том мегӯем, ки ба шумо хоинони миллат ягон нафар тоҷикистонӣ бовар нахоҳад кард ва шумо ба мақсадҳои ғарази худ ҳаргиз нахоҳед расид.
Яқубов Ҷ.К.-дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ