НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН
Барбари эълон гаштани соҳибихтиёрии Тоҷикистон мардуми мо, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифт, дар баробари пешравиҳо, дучори падидаҳои хавфнок ва монеаҳои ҷиддӣ гардид, ки барои бартараф кардани онҳо нерўю афкори созандае, ки кафолати таъмини ободию созандагӣ, омили пешрафти ҷомеа гардад, ногузир буд. Фоҷеаи иҷтимоӣ ва ҷанги граждании дар Тоҷикистон солҳои 1992-1997 сар зада, ки қариб тамоми Тоҷикистонро фаро гирифт ба соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ва ҳатто ба афкору ҷаҳонбинии мардуми кишвар таъсири манфӣ расонид. Барқарор кардани оқибатҳои ҷанги дохилӣ, таъмини низоми ягонаи фаъолияти сохторҳои давлатӣ вақти муайян ва ҷидду ҷаҳдро дар ҳама соҳаҳо талаб мекард, то ки дар байни мардуми кишвар руҳия ва муҳити созандагӣ ва мўътадил барпо шавад.
Санаи 24 то 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва давраи ҳаштум ва хотимавии гуфтушуниди байни ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ва иттиҳоди мухолифини тоҷик баргузор гардид, ки дар натиҷа Созишномаи умумии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Инак, пас гуфтушунид ва музокироти тўлонӣ, ки аз 5 апрели соли 1994 оѓоз гардида буд, пас аз ҳашт давраи гуфтушунидҳо, 21 гуфтушуниди расмӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки дар ин роҳи муросою созиш манфиатҳои олии миллат ва Ватанро ба мадди аввал гузошта, бо ҷидду ҷаҳд, санъати баланди музокирот ва мусолеҳаро ба роҳбарӣ гирифта, ҳама монеаҳоро аз байн баранд, барои мардуми кишвар муҳити боэътиоди созанданию бунёдкориро барпо намоянд.
Мардуми азияткашидаи Тоҷикистон ин санаи деринтизори таърихиро пазируфтанд ва санаи 27 июн бо фармони Президенти мамлакат ҳар сол, ҳамчун иди умумимиллии Ваҳдат дар Тоҷикистон бо шукўҳи арзанда ҷашн гирифта мешавад. Ба халқи тоҷик муяссар гардид, ки дар як давраи душвор ва хатаровари пурталотум асосҳои давлатдории мустақили худро ҳимоя намояд, роҳи шукўҳу манзалати давлати милли хешро дарёбад, ба қадри неъмати сулҳу ваҳдат дар кишвар, осоишу амнияти Ватан ва арзишҳои умумибашарӣ расад.
Шоёни тазаккур аст, ки он даме, ки дар Тоҷикистон ҷанги гражданӣ аланга зад, ҳастии давлат ва миллати тоҷик таҳти хатар қарор гирифт Россия яке аз назустин давлатҳое буд, ки ба ёрии Тоҷикистон шитофт ва дар хомўш кардани алангаи ин сўхтор дар баробари дигар созмонҳои байналмиллалӣ, хусусан Созмони Милали Муттаҳид хидмати таърихӣ анҷом дод.
Сулҳи Тоҷикистон, ки ба шарофати хиради воло ва фарҳанги аслии халқи тоҷик муяссар гардид аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳу созиш ва мусолеҳа пазируфта шуда, ганҷинаи фарҳанги сулҳи ҷаҳонро ѓанӣ гардонид.
Ба шарофати ин санади тақдирсоз Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбариии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомот ва сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро аз марказ то маҳалҳо барқарор намуд, зиёда аз як миллион нафар гурезагонро ба Ватан баргардонид, ба онҳо шароити зисту зиндагӣ фароҳам овард, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, қўшунҳои сарҳадӣ, ҷузъу томҳои артиши миллӣ симои нав гирифтанд.
Сулҳу оромӣ ба рушди бомароми соҳаи иқтисодӣ, тадриҷан боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, густариш ва тавқияти сохторҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва падидаҳои дигари бунёдкорӣ дар кишвар роҳ кушод. Аз ин ру, ҳама баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти истиқлолияти давлатӣ, афзун намудани дастовардҳои миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ, бидуни зоҳирпарастӣ ва худнамоишдиҳӣ кўшишу талоши пайваста дошта бошем.
Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ