Президенти Тоҷикистон – кафили ҳимояи ҷомеа ва давлат
Амнияти миллӣ – ҳимояи арзишҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб рафта, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамчун кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккул ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин самт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ин арзишҳо мебозад, ин на танҳо нозири воло будан баҳри иҷрои талаботи меъёрҳои конститутсионӣ, балки ба сифати таъминкунандаи ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои инсон ва шаҳрванд, ки Конститутсия ва дигар қонунҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва маъмурию сиёсӣ муқаррар кардаанд, фаъолият намудани Президент мебошад.
Мутаасифона хостгорони табаддулоти ҳарбӣ, душманони миллат, ба монанди Кабирӣ ва ҳаммаслакони онҳо пешравии давлату миллати тоҷикро нахоста, бо ҳаргуна суханони беасосос ба корщои дохили давлать дахолат мекунанд. Бо ин роҳ мехоханд, ки ба ояндаи кишвари тоҷик таъсири хоинона расонанд.
Имрузҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон уро ҳамчун як нафари хоин, ватанфуруш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ аз вакте, ки аьзои собиқ Ҳизби Наҳзати ислом айни замон ТЭТ ҲНИ шуданаш ба ҳалқу ватани худ хиёнат карданро сар кард. Ӯ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад. Чаҳони муосир саршор аз руйдодҳои мухталиф ва зиддияту мухолифатҳост. Ҳар руз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вукуъ мепайванданд, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан харгиз раво нест.
Тавре, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз сиёсатмадорони варзидаи чаҳони муосир ва муборизи арсаи сулҳу осоиштагӣ эьтироф шудаанд, терроризму экстремизмро пайваста маҳкум мекунанд ва бар зидди ин падидаҳои номатлуб аз минбарҳои баланд бо қатъият садо баланд менамояд. Нақшаҳои баде, ки Муҳиддин Кабирӣ кашида буд, оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуд. Имруз Муҳиддин Кабирӣ аз иѓвою дасисаҳои худ, ки нисбати халқи тоҷик дошт пушаймон гаштааст. Имрузҳо ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад. Имруз у инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурушанд.
Сиёсати давлатӣ оид ба масаълаи марзӣ, масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар самтҳои давлатдорӣ маҳз ба шарофати Роҳбари адолатпешаву сулҳпарвар ва халқи меҳнатдусту вафодор ҳамеша ба манфиати халқ равона карда мешавад. Ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани Президенти кишвар нақши волоро бозидани Президент дар таъмини низоми қонунияти конститутсионӣ, истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо дар таъмини амнияти миллӣ ва сулҳу субот мебошад. Президент ҳангоми таҳдид ба ин арзишҳои Конститутсионӣ тамоми тадбирҳо ва имкониятҳои сиёсию ҳуқуқиро меандешад, то ки кафолати онҳо таъмин карда шаванд.
Президент ҳақ дорад ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, истиқлолияти давлат, тамомияти арзии он ва офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи он мақомоти конститутсионии ҷумҳурӣ наметавонад ба таври мўътадил фаъолият намояд, ҳамчун тадбири муваққатӣ барои амнияти шаҳрвандон ва давлат вазъияти фавқулодда эълон намояд. Аммо дар ҳаёти воқеӣ Президент одатан вазъияти сиёсии кишвар, афкори умумӣ, таносуби нерўҳои иҷтимоию сиёсии дар парламет буда ва дигар масъалаҳоро дар назар мегирад, зеро ба инобат гирифтани ин омилҳо ифодакунандаи моҳияти бевоситаи ҳокимияти Президент ба сифати мақоми таъминкунандаи суботи сиёсию ризояти миллӣ дар ҷомеа мебошад.
Раҳматова З.М. – дотсенти, кафедраи ҳуқуқи конститусионии ДДҲБСТ