Хоинони миллат ҳаргиз ба мақсади нопоки худ намерасанд
Воқеан таърих мурабии беназир барои имрўз аст. Зеро, он натанҳо ба ҳодисоти замон ҳукми воқеии муайян мекунад, балки сабақи он роҳи ояндаро рўшан менамояд. Бахусус, илмҳои чомешиносӣ пайваста бо омўзишу пажўҳиши чараёни ҳаводиси иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа ва воқеяти иҷтимоӣ сабабҳои решагии ҳаводиси пурталотуми ҷомеаро муайян менамояд, то ин ки минбаъд барои оянда манбаи донишу сабақ бошад.
Авлодони гузаштаи миллати мо, борҳо шакли ташкили иҷтимоии беназирро эҷод намуда буданд, ки он шакли санҷидашударо имрўз мо меомўзем ва пайваста бо тақозои замони муосир тадбиқ менамояд. Воқеан ҳам, ҳамон расму қоидаҳо умри ҷовидон дораду нигоҳ дошта мешавад, агар рақобатпазир бошанд. Ва ифтихор бояд кард, ки кулли арзишҳо ва меёрҳои иҷтимоиро, ки ориётаборон эҷод намуда буданд, дорои сифатҳои умумибашарӣ буда, ба мазмуни ҷомеаи дунявӣ комилан рост меояд ва заминахои бунёдии он ҳам мебошад.
Ҳар як шахс бояд дар зиндагии худ дар ватани худ барои осоиштагии худ тадбирҳо ҷўяд ва ин тадбирҳоро на аз дигарон ёбаду ба онҳо такя кунад. Ҳар яки мардуми шарифи Тоҷикистон мусалмон аст, ҳамаи мардум дар бораи чӣ будани дини ислом, гуноҳу савоб, неку бадро хуб медонанд. Ҳарчанд давлат сохти демократӣ, ҳукуқбунёд, дунявӣ бошад ҳам, мардуми тоҷик аз рукну одатҳое, ки доранд ҳаргиз дур намешаванд.
Мо умедворем, ки хамаи кишварҳои ҳамсоягон аз пайдоиши дини ислом дўсту ҳамфарҳанг буданд, боз дўстию рафоқати худро гум накунанд ва барои пешравии ин кишварҳо ҳеҷ чиз монеъа нашавад.
Нақши шахс дар таърих аз мавзӯъҳои басо ҷолиб ва мураккаби илми ҷомеашиносист. Таърих гувоҳ аст, ки таҳаввули бунёдӣ дар ҳаёти сиёсӣ, андешаи миллӣ, фарҳанги зиндагӣ ва шуури иҷтимоии ҷомеа бо кору пайкори шахсиятҳои барҷаста, шахсиятҳое, ки дар фазилату иродаи сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷассум кардаанд. Рӯшан аст, ки на ҳама сарварони давлат дар таърих ҳамчун пешвои миллат ворид шудаанд.
Ин аст, ки Пешвои миллати мо соҳиби сифатҳои инсонианд: камолоти ҷисмонӣ, борикбинию дурандешӣ, зиракии табиӣ, ақл ва хотираи солиму мустаҳкам, бофаросат, хушбаён ва тозабаёни андешаҳо, маърифатнокӣ, муҳаббат ба ҳақиқат, нафрат ба дурӯғ ва ба дурғгӯён, қадри шарафу номус, нияти нек ва ҳимматбаландӣ, адолатнокӣ, дар зарурият бо қатъият рафтор намудан, дар ҳама ҳолат ҷасуриро аз даст надодан ин фазилатҳои мардии пешвои даврони худро мо дида истодааем.
Пешвои миллат ҳамчун кафили адолат, қонуният ва тартибот бо ҳифзи амнияти шаҳрвандон, қонуншиканиҳо, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фазои муносиби эҷоди қонун ва риояти онро устувор намудан аст. Миллати тоҷик дар марҳилаи басо ҳассоси таърих симои пешвои худро дар шахсияте дид, ки ӯ аз қалби мардум бархост ва бо садоқати беназир ба халқ ва ба ин марзу бум дар замони бениҳоят мураккаби гузариш рисолати пурмасъулиятро ба дӯш гирифтааст.
Аз ин лиҳоз аз собиқ тарафдор ва намояндаҳои ҲНИ мо зиёиёни кишвар ҳамҷоя хоҳиш дорем, ки ба фаъолияти давлате, ки манфиатҳои худро баҳри ободии халқ, дар сулҳу салоҳ зиндагӣ доштан, равона карда истодааст халалдор нашаванд. Мардуми кишвари Тоxикистон боз аз нав сохтро дигар кардан намехоҳад, чунки дар азнавбунёдкунӣ боз табаддулот мехоҳад. Дар ин ҷода боз мардуми азияткашида дар азоб мемонад. Боз ҷангу ҷидол, кашкашаю бар манфиат кор кардани ашхосе ба ҳеҷ кас лозим нест.
Хуҷаназарова М. – мудири кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ