Юсупов Д.-Муроҷиат ба хоинони миллат!
Муроҷиат ба хоинони миллат!
Солҳои 90-уми асри гузашта дар тақдири миллати тоҷик марҳилаи фарӯмушнопазир гардид. Ҷанги шаҳрвандие, ки тӯли 5 сол дар мамлакат давом ёфт, тамоми пояҳои устувории сиёсию иқтисодии мамлакатро осеб гардонид. Эҳёи нави устувории сиёсӣ ва иқтисоди миллӣ бо шарофати ваҳдату ҳамбастагии мардуми тоҷик ба миён омад.
Дар чунин давраи мушкилу ҳассос тақдири миллатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зима гирифтанд, ки мо инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонем. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал кӯшиш намуданд, то вазъи сиёсии кишварро ба эътидол оварда, пастравии сатҳи истеҳсолотро боз доранд ва иқтисодиёти кишварро аз вазъи номусоид берун оранд. Бо гузашти солҳо таърих собит намуд, ки маҳз бо шарофати хизматҳои бузурги Сарвари давлат ва хиради бузури сиёсии ӯ Тоҷикистон ба сарзамини сулҳу салоҳ табдил ёфт. Дар муддати на чандон тӯлонӣ Тоҷикистон ба рушди босуботи иқтисодӣ муваффақ гашт. Тавре аз таҳлили олимони иқтисоддон бармеояд, бахусус баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ вазъи макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ба эътидол оварда шуда, иқтисодиёти ҷумҳурӣ рӯ ба барқароршавӣ ниҳод ва шуруъ аз соли 2000-ум марҳилаи сифатан нави иқтисодиёти мамлакат оғоз шуда, иқтисодиёти кишвар рӯ ба пешрафт овард.
Пӯшида нест, ки таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат бо ҷои кори доимӣ яке аз вазифаи мураккаб дар назди давлат мебошад. Таҷриба нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт натиҷаи хуб дошта, ба ҳар як шаҳрванд имконияти кор ва фаъолият фароҳам оварда шуд.
Соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар як кишвар нақши муҳим дорад, зеро рушди соҳаи саноат дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт ва равандҳои такрористеҳсоли он, фароҳамсозии устувори иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳми босазо мегузорад. Бо дарки ин нукта, бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар мамлакат солҳои охир даҳҳо корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ, ҳам бо маблағҳои дохилӣ ва ҳам бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд карда шуда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон афзоиш дода шуд. Аз ҷониби дигар, тавассути бунёди ин корхонаҳо даҳҳо ҳазор сокинони кишвар бо кор таъмин гаштанд.
Нуктаи дигар. Бо мақсади ноил шудан ба иқтисодиёти миллӣ ва таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ Пешвои миллат сиёсати “дарҳои боз” ва рушди ҳамгироии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони умумиҷаҳонии савдо, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки умумиҷаҳонӣ ба роҳ монданд, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 100 кишвари дунё робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ барқарор карда шуданд, ки барқарор намудани ин ҳамкориҳо ба дастёбии соҳибкорони кишвар ба бозорҳои берунӣ, зиёд шудани ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ дар кишвар мусоидат намуд.
Яке аз самтҳои дигари муҳими таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ ин истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Бо истифода аз мавҷуд будани иқтидори бузурги истеҳсоли қувваи барқ дар ҷумҳурӣ Пешвои миллат ба амалисозии тарҳҳои муҳим дар соҳаи энергетика шуруъ намуданд, ки муҳимтарини онҳо нерӯгоҳҳои барқии обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, Роғун ва садҳо нерӯгоҳҳои хурди барқӣ мебошанд.
Яке аз самтҳои дигари муҳими стратегии таъмини рушди иқтисодиёти миллиро Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали фаъолияти хеш баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ арзёбӣ намуда буданд, ки дар ин самт низ дар ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштем. Бунёд ва азнавсозии роҳҳои Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Қарақурум, Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб, нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Шаҳристон, Чормағзак, роҳҳои Душанбе – Нуробод – Ҷиргатол – Саритош, Айнӣ –Панҷакент, Душанбе –Турсунзода аз ҷумлаи тадбирҳои анҷомдода дар ин самт мебошанд. Тавре аз таҳлили мутахассисон бармеояд, дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ шуда, беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд ва ба истифода супорида шудаанд. Бунёди чунин роҳҳо имкон доданд, ки ҳамлу нақли молҳои транзитӣ тариқи коридорҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шаванд ва бешубҳа, ин тадбир барои рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Дар бораи саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иқтисоди миллӣ боз метавон далелҳои зиёд овард. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз тавре ҳамагон шоҳидем, ҳадафҳои стратегии Пешвои миллат барои муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Аз ин рӯ, дар ҷавоб ба ин ҳама сокинони кишвар, бахусус ҷавононро зарур аст, ки дар амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста саҳмгузор бошанд.
Новобаста аз он, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон осоиштагию оромӣ ҳукмронӣ менамояд, ба вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат як қатор омилҳои беруна таъсир мерасонанд. Гурӯҳи аз ашхоси нохалаф ба мисоли ТЭТ ҲНИ ва Паймони ифротии наҳзатиён, тавассути изҳоротҳои гуногуни худ дар аудиторияи байналмиллалӣ нисбат ба сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат ва Сардори кишвар норозигӣ иброз менамоянд ва бо асосноккунии бромади онҳо бо қатъият талаб менамоед. Гуфтан ҷоиз аст, ки онҳо ноҳақ мебошанд.
Фарди мустақилфикр бо солимии ақлу заковат на бояд ин гуна рафтор намояд. Имрӯз замонае мебошад, ки дар он адолат ҳукмрон аст. Нодидаи адолат аз ҷониби гурӯҳҳои махсус айби на Ҳукумат аст, ё Пешвои миллат, балки ин яке аз тамоюлоти ғайрианъанавии ҷомеъаи ҷаҳони имрӯза мебошад.
Дар охир бояд таъкид намуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол хуқуқи конститутсионӣ пурра дар амал тадбиқ мегардад. Вобаста ба ин шаҳрвадони мо дар давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ зиндагонӣ намуда, зери сиёсати кунунии Ҳукумати мамлакат сарҷамъ ҳастанд.
Юсупов Д. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи кори бонкии ДДҲБСТ