Тарзи дуруст истофода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ

Имрӯз тамоми мардуми солимақли дунё бар зидди ҳаракатҳои тундрав ба монанди терроризм ва экстремизм, ки яке аз зуҳуроти номатлуб ҳисоб ёфта бисёр касони сустирода ва соддафаҳмро ба коми худ кашида истодаанд.

Мо омӯзгорон ва падару модарон ӯҳдадорем ҳамеша ба ҷавонон таъкид  намоем, ки ватандӯстӣ ва хештаншинос  бошанд, ба сафсатаҳои ҳамватанони хориҷиамон, ки мехоҳанд бо ҳар роҳ оромии ватанамонро халалдор созанд ва хусусан ҷавононро ба сӯи худ кашида бо роҳи каҷ баранд, бовар накунанд ва асосан сомонаи интернетро барои илмомӯзӣ ва хабардоршудан аз рушди ин ё он соҳа истифода мебаранд.

Асосан тарафдорони терроризм ва ба онҳо монанд аз сомонаҳои интернетӣ хеле васеъ истифода мебаранд. Ин истифода барои онҳо роҳи осон ва қулай мебошанд.

Интернет ин дарахтеро меноманд, ки ҳам меваи талх ва ҳам меваи ширин дорад. Биёед аз меваи ширин истеъмол кунем. То шаҳдком гардем на талхком.

Дилҳо сар ба рӯи каф бигзоранду даме андешанд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён чӣ рӯзҳои мудҳишро аз сар гузаронианд. Чи қадар фарзандон бепадар ва оилаҳо бе сарпаноҳ монданд.

Тоҷикистон то соли 1997 ро ба хотир биёранд. Бисёрии касон умед ба фардо надоштанд.       Мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз мо озодона дар кишвари тинҷу ором умр ба сар мебарем. Ҳама комил ҳуқуқем ва хонаи обод дорем. Шабакаи интернетӣ роҳи осон ва қулай барои ба даст овардани иттилоотҳо мебошад. Аммо ҳар кас инро ба мақсадҳои гуногун истифода мебаранд.

Сатҳи истифодабарии шабакаҳои интернетӣ ба худи одамон воастагӣ дорад.          Хусусан истифодаи интернет байни ҷавонони имрӯза хеле зиёд ба чашм мерасад. Маҳз доштани ақлу идроки солим ва маърифати баланди сиёсӣ имконият медиҳад, ки ба хабару руйдодҳои ҷаҳони имрӯз баҳои объективӣ дода бошем. Ба ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва гузориши онҳо бовар нанамуда, зеи сиёсати созандаи давлату миллат сарҷамъ бошем.

Саломов С.Б. – сармуаллими

 кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

 

You might also like