Стипендияи раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Ба таваҷҷӯҳи донишҷӯён расонида мешавад, ки раёсати донишгоҳ озмун барои дарёфти стипендияи раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои нимаи дуюми соли хониши 2022-2023-ро дар доираи моҳвораи ҷавонон эълон менамояд. Даври аввали озмун дар сатҳи факултетҳои ташкилу баргузор гардида, ғолибони даври аввал ба даври ниҳоӣ пешниҳод мегарданд.Маврид ба ёдоварист, ки дар озмун танҳо донишҷӯёни курсҳои 2,3 ва 4, ки бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

Тартиби баргузории озмун чунин муайян карда мешавад:

  худмуаррифии иштирокчӣ;

  саволу ҷавоб вобаста ба мавзӯъҳои ихтисосӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, донистани забонҳои хориҷӣ;

  навиштани кори хаттӣ (бо забони давлатӣ – тоҷикӣ) вобаста ба мавзӯи сиёсати давлатии ҷавонон; 

  фаъолнокӣ дар корҳои ҷамъиятӣ.

You might also like