Озмуни кушоди кори илмӣ-таҳқиқотии муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мавзуи «Захираҳои обӣ дар ҷаҳони муосир: муаммо ва истифодаи самаранок»

 Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки байни мактаббачагон озмуни кушоди кори илмӣ-таҳқиқотии беҳтаринро дар мавзуи «Захираҳои обӣ дар ҷаҳони муосир: муаммо ва истифодаи самаранок», бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» ва эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор намояд.

 Барои иштирок дар озмун муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят даъват карда мешаванд.

Мақсад ва вазифаҳои озмун:

 –  мустаҳкам намудани робитаи донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

– ҷорӣ намудани анъанаи баргузории озмуни кушод барои беҳтарин кори илмии мактаббачагон;

– тақвият бахшидан ба корҳои илмию тадқиқотии наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани фаъолияти эҷодии онҳо;

–  муайян кардани сатҳи дониши иштирокчиён оид ба масъалаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» ва эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;

– дарёфти андешаҳои беҳтарини илмии наврасону ҷавонон оид ба масъалаҳои истифодаи самараноки об ва ҳифзи пиряхҳо;

 –  ҳавасмандгардонии  муҳаққиқони ҷавони фаъол.

Талабот ба кори илмӣ-таҳқиқотӣ:

Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар озмун  кори илмӣ-таҳқиқотии худро тариқи чопӣ ба кумитаи тадорукот то санаи 20 апрели соли 2023 ба суроғаи почтаи электронии dabir77@mail.ru пешниҳод намоянд.

Матни кори илмӣ бо ҳуруфи Times New Roman Tj  ва Times New Roman, андозаи ҳарф 14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 см, бо ҳошияи 2Х2см ҳуруфчинӣ гардад.

Ҳаҷми кори илмӣ-таҳқиқотӣ бояд аз 6-8 саҳифаи формати А4 иборат бошад.

Маълумот дар бораи муаллиф бо зикри насаб, ном ва номи падар,   номи муассисаи таълимӣ, шаҳр (ноҳия) оварда шавад.

Мавод бояд ҷое нашр нашуда бошад.

Руйхати адабиёти истифодашуда дар охири кори илмӣ оварда шавад.

Матни кори илмии пешниҳодшаванда нусхаи ниҳоӣ маҳсуб шуда, бояд пурра аз назари таҳрир гузаронида шавад ва аз ғалат тоза бошад.

Асолати матн на камтар аз 70% ҳаҷми корро ташкил диҳад (дар барномаи «Антиплагиат» санҷида мешавад).

Масъулияти боэътимодии аснод ва муҳтавои мақолот бар дўши  муаллиф мебошад.

Ба кори илмӣ-таҳқиқотӣ тақризи роҳбари илмӣ бо имзо ва муҳр замима карда шавад.

Корҳои илмие, ки талаботи болоиро доро намебошанд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.

Суроға: 735700, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, бинои 1, ДДҲБСТ,  ошёнаи 3, утоқи 309, нашриёти “Дабир”. Почтаи электронӣ dabir77@mail.ru

 Телефон барои тамос: (+992) 83422 2-44-66 

You might also like