Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ

Раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионии ДДҲБСТ қабули

мақолаҳоро барои конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон

ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони «Рушди илм ва инноватсия дар шароити

рақамикунонӣ», ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии

Тоҷикистон, Рӯзи илми тоҷик ва 30-солагии ДДҲБСТ оғоз менамояд.

 Олимону устодон ва муҳаққиқони ҷавон метавонанд барои иштирок дар

кори конференсия мақолаҳои илмии худро тариқи чопӣ ва электронӣ ба кумитаи

тадорукот аз  санаи 1 марти соли 2023 то санаи 1 апрели соли 2023 пешниҳод

намоянд.

Кори конференсия дар бахшҳо аз рӯйи самти илмии кафедраҳо дар

доираи мавзуи дурнамои илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2020-2025 сурат

мегирад.

 ТАЛАБОТ БА МАҚОЛА:

 матни мақола бояд  бо формати Microsoft Office Word, фосилаи байни

сатр 1,5 мм бо истифодаи  ҳуруфи Times New Roman Tj (бо забони русӣ –

Times New Roman), шрифти 14, ҳошияҳояш 2 см омода шуда бошад;

ҳаҷми мақола набояд аз 5 саҳифа (формати А4) зиёд бошад;

мақола дорои навгонии илмӣ ва набояд қаблан нашр шуда бошад;

маълумот дар бораи муаллиф(ҳо) -и мақола бо зикри пурраи насаб, ном ва

номи падар, дараҷаи илмӣ, вазифа ва ҷои кор,  инчунин рақами телефон аз

тарафи рост оварда шавад;

унвони мақола бояд мундариҷаи мақоларо мушаххас тавсиф кунад;

иқтибосҳо дар қавси мураббаъ бо қайди рақами адабиёт аз рӯйи рӯйхати

сарчашмаҳо ва саҳифаи он бояд ишора шаванд;

руйхати адабиёт бо назардошти саҳифаи умумии сарчашмаи

истифодашуда оварда шуда, талаботи ГОСТ Р 7.0.5 – 2011 риоя карда

шавад;

рӯйхати адабиёти истифодашуда, баъди матн бо тартиби алифбо, на

камтар  аз 6 ва на бештар аз 10  номгуй дода шавад;

дар матн расму  схемаю ҷадвалҳо бо риои қоидаҳо оварда шавад;

матни мақолаи пешниҳодшаванда нусхаи ниҳоӣ маҳсуб меёбад, бинобар

ин  мақола пурра таҳрир карда шуда, аз ғалатҳои китобатӣ, имловӣ,

услубӣ ва техникӣ тоза бошад;

асолати матн на камтар аз 70%-и ҳаҷми мақоларо ташкил диҳад (дар

барномаи «Антиплагиат» санҷида мешавад);

асолати мазмун ва далелҳои мақолаҳо бар дӯши  муаллифон мебошад;

мақолаи илмӣ ҳатман бо имзои худи муаллиф ва  мудири кафедра қабул

карда мешавад;

барои парешон нашудани мақола шакли чопӣ ва электронии онро худи

муаллиф бояд ба нашриёт супорад (дар ҳолати ба почта равон кардан, бо

донишҷӯ ва муаллимони ҷавон равон  намудан мақола мавриди баррасӣ

қарор намегирад);

нашри матни мақолаҳои ба талабот номувофик бе огоҳ кардани муаллиф

рад карда мешавад.

Мақолаҳое, ки талаботи болоиро доро намебошанд, мавриди баррасӣ қарор

намегиранд.

Нишонии электронӣ барои ирсоли мақолаҳо: dabir77@mail.ru ва

мустақиман ба нашриёт  (ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, ДДҲБСТ, бинои

таълимии № 1, утоқи 309).

 

Телефон барои иртибот:  (83422)  2-31-63

You might also like