Дарҳои кушод

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат мерасонад, ки санаи 25 феврали соли равон дар донишгоҳ Рӯзи «Дарҳои кушод» ва даври ниҳоии олимпиада байни хатмкунандагон баргузор мегардад.
Хатмкунандагон метавонанд дар Рӯзи «Дарҳои кушод» аз шароиту имкониятҳои фароҳамшуда, ихтисосҳои амалкунанда ва раванди таълим дар донишгоҳ аз наздик шинос шуда, соҳиби маълумоти зарурӣ гарданд.
Дар ҷамъбасти олимпиада хатмкунандагон аз рӯи намунаҳои саволномаҳои санҷишии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дониши худро санҷида, ғолибон бо компютер, ноутбок, планшет ва дигар тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ карда мешаванд. Ҳамзамон хатмукунандагони ноҳияҳои дурдаст метавонанд тариқи онлайн дар олимпиада иштирок намоянд. Муҳимтар аз ҳама хатмкунандагоне, ки соҳиби холҳои баланд мегарданд, имконияти таҳсили ройгон дар донишгоҳро пайдо мекунанд.
Марҳамат ба Рӯзи «Дарҳои кушод» ва иштирок дар даври ниҳоии олимпиада байни хатмкунандагон ба ДДҲБСТ!

You might also like