АЗ ФИТНАҲОИ МАЗҲАБИИ ТЭТ ҲНИ ЭМИН БОШЕМ!

Вақтҳои охир дар расонаҳои хабари фитнаҳои дар олам сарзадаро бо омили динӣ пайваст мекунанд. Низоъву нифоқҳо, ошўбҳо, ҷангҳое, ки дар ин ё  он гўшаи канори кураи замин  сурат мегиранд, мутаассифона,  бо дини ислом вобаста мекунанд. Балоеро, ки имрўз ифротгароии динӣ, экстремизм,  мутаасибӣ, террорризм унвон гирифтааст ба ислом шабеҳ медиҳанду ҳамчун тамғаи он маънидод мекунанд.   Ҳамагон медонем, ки ислом ба зоти худ айбе надорад.

Мутаассифона, дар Точикистони мо низ баъзе гурўҳҳои диниву сиёсӣ имрўз зери ниқоби ислом баромад намуда, ба ҳар васила кўшиш мекунанд, ки вазъи ороми сиёсии кишварамонро халалдор созанд. Чунончӣ, Муҳиддин Кабирӣ – собиқ роҳбари ҳизби мамнўъ ва экстремистӣ эълоншудаи наҳзати ислом дар шаҳрҳои Аврупо зиндагонӣ карда, имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, ба фикри худаш як иттиҳоди нави мухолифин ташкил намудааст.

Мардуми Тоҷикистон як маротиба аз фаъолияти бемаъниву фасоди мухолифини тундгарои динӣ, ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта азият кашида буд. Маҳз иддаоҳои бемаънии мухолифин, кўшиши онҳо барои бунёди давлати исломӣ ба сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда расонид. Оқибати харобовари ин ҷанги беъманӣ дар он буд, ки наздик 150 ҳазор нафар кушта шуданд, зиёда аз як миллион нафар муҳоҷири иҷборӣ гаштанд, ба кишварамон зиёда аз 10 млрд. доллари амрикоӣ зарар расонида шуд.

Алъон, дар ибтидои қарни XXI  бар асари ноаҳлии мусулмонон олами ислом дар таҳлука карор дорад. Душманони ислом аз ин устокорона  истифода бурда  Ироқ, Сурия, Ливия, Лубнон, Яман ва дар дигар кишварҳо низову нифоқ баранггехтаанд. Ин мамлакатҳои ба тамаддуни башарият ҳиссаи арзанда гузошта, имрўз харобу валангор гаштаанд, мардумаш сарсону овораанд, ояндаи ин кишварҳо зери суол қарор доранд. Ҷангҳое, ки дар ин мамлакатҳо ҷараён доранд, ҳосили ФИТНА ном иллати қабеҳ ба шумор меравад.

Дар байни мамлакатҳои исломӣ чанд омилҳо сабабгори сар задани фитнаҳоянд. Яке аз омилҳои асосии фитнаҳо фаъолияти равияи шиа маҳсуб меёбад. Аз таърих маълум аст, ки ин равия ва фиркаҳои он созмондиҳандагони фитнаву исёнҳо буданд.  Равияи шиа дар натиҷаи ракобати тарафдорони халифаҳои ислом Абў Бакр, Умар, Усмон ва Алӣ ба вуҷуд омадааст. Тарафдорони Алӣ ақидаи се халифаи аввалро, ки аҳли сунниянд  инкор намуда, ба халифагӣ ё имоматӣ ҳақ доштани танҳо Алӣ ва олу авлоди ўро амри воҷиб меҳисобанд.

Кулли мардуми Осиёи Миёна аз ҷумла, тоҷикон муътақиди равияи суннӣ ва мазҳаби ҳанафия мебошанд. Дар ҷараёни таърих тоҷикон борҳо ба фитнаи шиаён мувоҷеҳ гаштаанд. Чунончӣ, аз таърих медонем, ки Исмоили I  сафавии шиамазҳаб соли 1501 дар Эрон ба мардум фармон дода буд, ки «ҳар кадаре тавонанд Абў Бакр, Умар ва Усмонро лаънат кунанд».  Ў соли 1510 ба намояндаи темуриён Бобур  бар ивази паҳн кардани расму русуми шиа дар Осиёи Миёна барои шикаст додани Муҳаммад Шайбонихон ёрии ҳарбӣ расонида буд. Маҳз барои иҷро кардани ин амри Исмоили сафавӣ соли 1512 Бобур аз Самарқанд ронда мешавад.

Дар аморати Бухоро соли 1910 моҷарои сунниву шиа сар мезанд. Дар ин давра дар шаҳри Бухоро теъдоди шиаҳо афзуда, ҳатто вазифаи кушбегӣ (шахси дуюм дар аморат)-ро Остонақули шиамазҳаб ишғол мекард. Аз ҷониби Остонакул зиёд намудани андозҳои ғайришаръӣ, худсариҳои шиаён боиси низоъҳо мегардад. Дар натиҷаи ин исён наздик ҳазор нафар кушта шудаанд.

Дар охири қарни ХХ дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон рўҳониён  сохторҳои махсуси давлатҳои хориҷӣ кувваҳои  мухолифини исломии тоҷик ҳамаҷониба ёрии моддиву «мафкуравӣ» мерасониданд. Чӣ тавре, ки дар расонаҳои хабарӣ омадааст ашхосе пайдо шуданд, ки дар байни мардум  ақидаҳои дигар мазҳабро тарғиб мекунанд. Ба қавли таҳлилгари рус М. Клишевский   Мухаммадҷон Нурӣ дар мактабҳои олии динии давлатҳои беруна тарбия гирифта, ба тарғиби афкори барои ҳанафиён бегона машғул гаштааст.  2 декабри соли 2011 намояндаи баргузидаи ҲНИ Ҳоҷӣ Акбари Тўраҷонзода бо ҳаммаслаконаш дар масчиди «Муҳаммадия»-и деҳаи Туркободи ноҳияи Ваҳдат маросими «Ашура»-и шиаёнро барпо намуда, ихтилофи ҷиддии мазҳабиро ба вуҷуд оварданд.

Албатта маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон давлати демократӣ буда, ба ҳар як шаҳрванд новобаста аз парастиши динӣ ва равияи диниаш муносибати якхела дорад ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар яки онҳоро кафолат медиҳад. Вале, он нафароне, ки байни мардум фитна ангезонда, зидди давлат онҳоро даъват менамоянд албатта дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.

Хушбахтона, пеши роҳи ин қабил амалҳо бо ибтикори Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуда истодааст. Пеш аз ҳама ҷавононе, ки дар муассисаҳои динии хриҷи кишвар таҳсил менамуданд ба Ватан баргардонида шуданд. Бар зидди гурўҳҳои ифротгаро ва хусусияти террористидошта муборизаи беамон ба роҳ монда шудааст. Имрўз дар кишварамон барои бедор намудани ҳуввияти миллӣ, гиромӣ доштани арзишҳои умумибашарӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

 

Маматқулов Ҷ.А. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like