ПАЁМАДҲОИ НОПОКИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Имрӯзҳо дар раванди тезутунд гардидани ҳолати кунуни сиёсии ҷаҳон ва аз нав тақсим намудани бойгариҳои ҷаҳон мамлакатҳои абарқудрат бо роҳи ноором сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ истифода менамоянд. Албатта, онҳое, ки мегӯянд экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) падидаҳое мебошанд, инсониятро ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқуранд. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд ва зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Кишвари мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ имрӯзҳо дар арсаи ҷаҳон мақом ва ҷойгоҳи хоса дорад. Баҳри таҳкимёбии ҳокимияти конститутсионӣ, амалӣ намудани ғояҳои демократӣ чун меҳвари асосӣ ҳисобида мешавад. Дар Тоҷикистон ба озодии виҷдон, озодии шаффофияти он пурра дар зери назорати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Бояд зикр намуд, ки шахсони пайрави ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои ғайриқонунӣ, кўшиш менамоянд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои ғаразонаи худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Онҳо супоришҳои хоҷагони хориҷии худро сармашқи фаъолият намуда, ақидаҳои бегонаи динӣ-мазҳабиро бо арзишҳои миллӣ омехта намуда, динро аз миллат ва манфиати он боло гузоштанд. Тоҷикистони нав истиқлол гаштаро ба сӯи ҷаҳолат – ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷавонон ва умуман тамоми шаҳвандони кишварам бояд зираку ҳушёр бошанд, муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро ҳифз намоянд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати куҳанбунёди ҳазорҳо солҳо аз дасти бегонагон ранҷдида, аз ин дастовардҳову музаффариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст омадаро ҳифз бояд намоянд. Мо ҳамешагӣ бояд бар зидди зуҳуроти бегонаву тундрав, ҳамчун шаҳрванди ин Ватани азизамон-Тоҷикистон мубориза барем ва ҷавонону донишҷӯёнро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Ба қадри истиқлолияти давлатӣ, Ватан-модар бирасем ва муқаддасоту арзишҳои миллиро гиромиву ҳифз намоем.Ташкилоти экстемистӣ-терористии ҳизби наҳзати ислом дар навбати аввал бо ҷавононе корбарӣ мекунанд, ки донишҳои дунявӣ ва диниашон дар сатҳи паст буда, дар зиндагӣ мушкилоти моддиву пулӣ доранд, бекор ҳастанд ва ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ё ин ки воситаҳои шабакаҳои иҷтимоиро нодуруст истифода мебаранд. Барои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонону наврасон ба гуруҳҳои ифротӣ бояд, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз як гиребон сар бароварда, масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ бо ниҳоду мақомотҳои қудратӣ ба он мубориза барем ва ҷомеаро аз ин балои дардноки оқибати баддошта эмин нигоҳ дорем.

Зиёмидинов Б.М. – и.в. мудири кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

You might also like