Олими сол

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маҳорат ва малакаи касбии кормандону донишҷӯён, фароҳам овардани шароит барои рақобати солим дар самти пешбурди фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва ҳавасмандгардонии нафароне, ки дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, дар давоми моҳи декабри соли ҷорӣ дар донишгоҳ барои дарёфти унвонҳои ифтихорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти илмию тадқиқотӣ дар соли тақвимии 2022 озмун ташкил ва баргузор менамояд.

Озмун таҳти номинатсияи «Олими сол» аз рӯи равияҳои зерин муқаррар карда мешавад:

– илмҳои гуманитарӣ ва  ҷомеашиносӣ (таърих, фалсафа, филология, педагогика, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ ва иқтисодиёт);

– илмҳои дақиқ ва техникӣ (физика, математика, барномасозӣ).

Давраи аввали озмун дар факултетҳо баргузор карда шуда, дар асоси қарори шӯрои олимони факултет ва пешниҳоди декани факултет ѓолибон (на зиёда аз як нафар аз рӯи ҳар як номинатсия) то санаи 19 декабри соли 2022 барои иштирок дар даври ниҳоии озмун пешбарӣ гардида, ба раёсати илм ва инноватсия ҳуҷҷатҳои довталабон пешниҳод карда шавад.

Раёсати илм ва инноватсия

You might also like