Табрикоти  ректор, профессор  Шарифзода Муъмин Машокир   ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ Устодони муҳтарам, донишҷӯёни азиз!

Имрўз ҷомеаи кишвар зери таассуроти наҷибу босаодат аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бузургдошти санаҳои таърихӣ ва арзишҳои маънавӣ иқдомҳои шоиста меварзанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо амалӣ шудани сиёсати миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи танзим ва ба тартиб даровардани забони  адабии тоҷикӣ корҳои назаррас ба анҷом расидаанд. Таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани чандин санадҳои муҳими давлатӣ, муқаррар шудани Рўзи забони давлатӣ ва ба феҳрасти ҷашнҳои умумимиллӣ ворид гардидани он ба аҳли ҷомеа бори дигар истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани онро таъкид мекунад. Ин иқдомҳои шоиста  дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навин ва ояндаи пурсаодати он пойдор ва ҷовидон монда, ифодагари сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишони садоқату арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ арзёбӣ мешавад.
Масоили мавриди назар пайваста дар суханрониҳо ва сўҳбатҳои Пешвои миллат таъкид гардида, дар китоби Сарвари давлатамон таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат» мавриди таҳқиқу пажўҳиши густурдаи илмӣ қарор гирифтааст. Ин асари пурарзиш пешоҳангиву пуштибонии ин сиёсатмадори абарқудратро роҷеъ ба мақоми таърихии забони тоҷикӣ барҷаста ифода карда, саршори муҳаббати самимии муаллиф ба забон ва  соҳибони он мебошад.
Зимни суханронӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода низ Пешвои миллат хотиррасон намуданд, ки  ғамхориву пуштибонии доимӣ нисбат ба забони давлатӣ вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси миллат аст. Ҳамзамон, рушди забони миллиро нишонаи пойдории давлатдории миллӣ ва истиқлоли давлативу сиёсиамон дар рӯзгори пурошӯби имрӯзаи ҷаҳон ҳисобиданд.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии  “Фурўғи субҳи  доноӣ…” баргузор мегардад, ки  ҳадаф аз ин падида пос доштани рисолати неки гузаштагон ва тавассути осори гаронмояи гузаштагону муосир,  фарҳангу забони устувори миллӣ  ба мерос гузоштани ояндаи босуботи кишвар ба наслҳои оянда мебошад. Амалӣ намудани ин ҳадаф аз оғози давлатдории Пешвои муаззами миллат ба миён омада, ба таври ҳамешагӣ талош меварзанд ва таъкид кардаанд: “Фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғаноманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри забони шевои модарӣ, адабиёти чандинҳазорсола, таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаҳои ҳаётбахш канда шудааст”.
Умуман, дар сиёсати забонгустарии Пешвои миллат дар  савияи баланд омўхтани забони давлатӣ омили муҳими устувории давлат, сулҳу осоиштагӣ, пешравии истеҳсолот ва ташкили зиндагии шоста маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, насли имрӯзу ояндаи ин забони нобу тавоноро ба ҳифзи
покизагӣ ва рушду такомули ҳамаҷонибаи он чун забони коргузории давлатӣ, фарҳанг ва илму техникаи муосир ҳидоят менамояд. Пешвои миллат дар шароити нави таърихӣ ва рушду нумўи босуръату тағйирёбандаи муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҷамъиятию ҳуқуқӣ бо воситаю омилҳои маъмулу пазируфташуда –забон, мерос, ҳуввият ва асолати миллати худ таҳкурсии мустаҳками ояндаи дурахшони чомеаи навини тоҷиконро бунёд намуданд.
        Имрўз, забони тоҷикӣ  ба ҳайси баёнгари ҳастии дирўз, имрўзу фардои мо, бузургтарин василаи фарҳангу тамаддунофаринӣ, баёнгари ҷаҳони маънавӣ ва пайвандгари миллатҳо рисолати хешро иҷро менамояд.
Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад!
You might also like