Кастинг таҳти унвони «Соҳибистеъдод»

Ҳамасола дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати донишгоҳ кастинг барои дарёфти донишҷӯёни соҳибистеъдод ва аъзо гардидани онҳо ба ансамбли овозадори «Ошёни меҳр»-и донишгоҳ ташкилу баргузор мегардад.

Кастинг аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

  1. Овозхонӣ (сурудхонӣ) – академӣ, мақом, анъанавӣ, фалак, эстрадӣ

Эзоҳ: Дар вақти иҷрои суруд фонограмма истифода бурдан манъ аст. Аз рӯи минусовка хондани суруд иҷоза дода мешавад.

  1. Маҳорати рақс

Эзоҳ: Дар номинатсияи мазкур писарон ва духтарон ширкат варзида метавонанд.

  1. Навозандагӣ

Эзоҳ: Дар номинатсияи навозандагӣ асбобҳои мусиқӣ ба монанди рубоб, дутор, танбӯр, ғижак, доира, най, гитара, фартопеано (синтезатор), скрипка, флейта, басгитара, барабан ва ғайра иҷозат дода мешавад.

  1. Маҳорати ровигӣ ва саҳнавӣ

Эзоҳ: Дар номинатсияи мазкур писарон ва духтарон ширкат варзида метавонанд.

Сана, вақт ва макони баргузории КАСТИНГ

Факултетҳо Басти I Басти II Макони баргузорӣ Шахсони

масъул

1. Ҳуқуқшиносӣ 29.09.2022, соати 09.00 29.09.2022, соати 13.00 Бинои таълимии №1 (ошёнаи 6) Муовинони декан оид ба корҳои тарбия
2. Бизнес ва идоракунӣ 29.09.2022, соати 09.00 29.09.2022, соати 13.00
3. Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ 29.09.2022, соати 09.00 29.09.2022, соати 13.00
4. Инноватсия ва телекоммуникатсия 29.09.2022, соати 09.00 29.09.2022, соати 13.00
5. Молия 29.09.2022, соати 09.00 29.09.2022, соати 13.00
6. Баҳисобгирӣ ва андоз 29.09.2022, соати 09.00 29.09.2022, соати 13.00

 

Насаб, ном ва

номи падари донишҷӯ

Курс Ихтисос Номинатсия Телефон
1.                             

Аъзои ҳакамон:

Норматова Ш.М. – муовини ректор оид ба корҳои тарбия, раиси ҳакамон

Ёқубов С.Ю. – мудири маҳфили эъҷодии донишгоҳ, ҷонишини раиси ҳакамон

Алимбаев Ш.Б. – мудири бахши кор бо занон, духтарон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, аъзо

Саломов Д.Ф. – мудири бахши кор бо ҷавонон, аъзо

Ҳасанов М.М. – сармутахассиси шуъбаи корҳои тарбия, аъзо

Шарипова Ш.М. – мутахассиси бахши кор бо ҷавонон, котиб

 

You might also like