ЧАРО БЕСАРУСОМОНИВУ НООРОМИҲОИ НАЗДИСАРҲАДӢ ШУДА ИСТОДААСТ
Дўстии самимонаи ду халқи бузурги ҳамсоя, бародарон – тоҷикон ва қирғизон аз қадим то имрўз буд ва хоҳад монд.
Бояд қайд кард, ки баъзеҳо кўшиш ба харҷ будаанд, ки байни ин ду халқи ҷудонашавандаву ҳамсоя иғво андохта муносибатро вайрону хароб намоянд. Албатта онҳо душманони Тоҷикистону Кирғисистон мебошанд.
Аз сарчашмаҳо маълум аст, ки такдири таърихии халқи тоҷику қирғиз асрҳои аср ба якдигар зич алоқаманд мебошад ва ҳамсарҳад ҳастанд. Халқи ин ду миллат ҷанбаҳои тиҷоратӣ доранд, яъне сокинони наздисарҳадӣ бо марзбонон забон як карда, корҳои тиҷоратиашонро пеш мебаранд. Чаро чунин бесарусомониҳо ва ноормиҳо дар наздиҳамсарҳадӣ ҳамсоягони қадрдоншуда истодааст.
Хоҳони онҳо ҳастем, ки муносибатамон хуб хохад шуд, вале афсӯсу вовайло, ки ҳамсоягонамон на танҳо нияти хуб кардани муносибатҳоро надоранд, балки сари ҳар вақт баҳона ҷуста, дар пайи иддао ва сар кардани иғво ҳастанд. Баҳси сарҳадии ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон солиёни зиёдест, ки доманадор гардида, паҳлӯҳои гуногунеро дар бар мегирад.
Ҳамагон огаҳанд, ки аз ҷониби Қирғизистон на як бору ду бор оиди сарҳадшиканӣ ва ташкил намудани нооромӣ эътироз шуда буд ва байни Ин нооромиҳо чанде пеш роҳбарони ин ду миллат Оши оштӣ ташкил намуда, ба тифоқ омада буданд.
Имрӯз аз расонаҳо фаҳмидем, ки Вақте сарҳадбонони мо ба хидмат машғул буданд, сарҳадбонҳои Қирғизистон хостаанд, гуфтушунид кунанд. Вақте марзбонҳои мо наздик мешаванд, онҳо аввал тир мекушоянд. Низомиёни мо тири ҷавобӣ кушодаанд. Дар натиҷа, як марзбони Қирғизистон захмӣ мегардад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омада, ором мекунанд.”
Мо, ҳамчун устоди ДДҲБСТ даъват менамоем, ки аз амалиётҳое, ки дар сарҳади Тоҷикистону Кирғисистон бо гуноҳи қирғизон рух дода истодааст, маҳкум намуда, шогирдони худро дар руҳии ватандўстӣ ва худогоҳӣ тарбия менамоем.
Атоева М.М. – дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ