ИФРОДГАРОЁН – БАР ЗИДДИ ОРОМИ ВАТАН!
Аз таҷрибаи солҳои 90-ум бохабар ҳастем, ки ин хел ашхос душманони сарзамини тоҷик, тоқати пешрафти кишвари азизамонро дидан намехоҳанд, миллати барӯманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохта, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон карданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд.
Имрӯз мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардонидани он саъю кӯшиш намоем ва нагузорем, ки монанди М. Кабирӣ давлати орому осоиштаи моро боз ба доми ҷангҳои бародаркуш кашанд.
Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон соли 2015 пас аз исёни муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода расман манъ карда шуд. ТЭТ ҲНИ дар даст доштан дар ин чорабиниҳо ва нақшаҳои тасарруфи қудрат айбдор карда шуд.
Хизби наҳзати исломӣ бо амалҳои нопок мехост ақидаи тундгароиро дар минтақаи Осиёи Миёна паҳн намояд. Аммо ба зудӣ ниқоб аз рӯйи онҳо афтода, чеҳраи аслиашон ба ҳама маълум гашт. Эътибор диҳед ин андешаи мо нест, балки баҳои яке аз рӯзномаи бонуфузи “Ал-Аҳром” – и Ҷумҳурии Мисри Араб буда, ҲНИ –ро ҳамчун ҳизби террористӣ муаррифӣ намудааст.
Даъвату ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии терроризму экстремизм дар мисоли ТЭТ ҲНИ хушдорест барои ҷомеаи сулҳхоҳи олам, ки баҳри ҷилавгирӣ аз фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муттаҳид бошанд. Пешвои миллат зикр намудаанд: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.
Имрӯз, ки миллати сарбаланди тоҷик бо ифтихоримиллӣ аз дастовардҳои бузурги истиқлол чун иншоотҳои бузурги кишвар, сохтмонҳои НБО-и “Роғун”, “Сангтуда-1”, “Сангтӯда-2”, Шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, нақбҳои «Истиқлол» ва “Шаҳристон”, роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб ифтихор дорад моро мебояд оромии кишвар нигоҳ дорем.
Дар охир ҳамин нуктаро таъкид менамоем, ки сулҳи деринтизори мо бисёр қавӣ аст, ягон қувва онро халалдор карда наметавонад, зеро мо як бор асои худро гум кардем, дигар ба ин кор роҳ намедиҳем, баракс сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллатро тарафдорӣ мекунем ва Тоҷикистонро якҷоя боз ҳам зеботар созем.
Тошматова М.Д. – номазади илмҳои иқтисодӣ дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ