Фазлиддинзода Дониш Фазлиддин – муовини ректор оид ба корҳои таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Фазлиддинзода Дониш Фазлиддин – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, 24 октябри соли 1987 дар ноҳияи Ашт, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2010 Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро аз рўи ихтисоси филолог- шарқшинос, муаллими забони форсӣ – англисӣ хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2010 то соли 2016 ба ҳайси мудири маркази забонҳои хориҷии Донишкадаи иқтисод ва савдо оғоз намуда, солҳои 2016-2017 ба вазифаи мудири шуъбаи илм ва инноватсияи донишкадаи мазкур адои вазифа намудааст. Аз 22 ноябри соли 2017 инҷониб дар Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият бурда, дар вазифаҳои сардори маркази тестии донишгоҳ то соли 2024 ва аз моҳи марти соли 2024 то августи соли 2025 ба ҳайси декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Фазлиддинзода Д. Ф. тайи солҳои 2010-2013 аспиранти Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, таҳти роҳбарии профессор Ваҳҳобов Т. ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ шуруъ кардааст ва моҳи марти соли 2013 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Антропонимҳои Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ» дифоъ намудааст. Ҳоло корҳои докториашро таҳти мушовири илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Азиззода Убайдулло Абдулло дар риштаи ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи “Ақидаҳои давлатӣ ва ҳуқуқии Абулқосим Фирдавсӣ: таҳқиқоти назариявӣ-таърихии ҳуқуқӣ” аз рӯйи ихтисоси 12.00.01-назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат идома дода истодааст.
Дар давраи фаъолияти меҳнатӣ вобаста ба корҳои таълимӣ ва илмӣ ба миқдори умумии 25 мақолаи илмӣ аз чоп баровардааст.
Фазлиддинзода Дониш дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буда, дар фаъолияти корӣ ташаббуси шахсӣ ва суботкорӣ нишон медиҳад. Дар коллектив обрӯю эътибори сазовор дорад. Дар муносибат бо устодон ва хонандагону донишҷуёне, ки дар Донишгоҳ таълим мегиранд меҳрубон ва хоксор аст. Ахлоқи ҳамида дошта, барои васеъ намудани ҷаҳонбинии сиёсию маданиаш мудом кор мебарад. Олим ва мутахассиси ҷавон аст, дар конфронсу семинарҳо ва машғулиятҳо бо маърузаҳо баромад мекунад. Фазлиддинзода Дониш Фазлиддин қобилияти хуби корӣ дошта, пайваста барои пешбурди фаъолияти донишгоҳ кушиш менамояд.
Барои меҳнати содиқона ва пурмаҳсулаш соли 2020 бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023 бо Сипосномаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст. Соли 2025 бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.25, №232/у.и., сазовори унвони илмии дотсент гардид.
Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 июли соли 2025, №84 ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои таълими Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон” таъин гардид.
Телефон: (+992) (93 4444471); Телефон: (+992) 3422 23594