Норматова Шаҳноза Маноновна – муовини ректор оид ба корҳои тарбия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Норматова Шаҳноза Маноновна – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, 20 марти соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №15-и шаҳри Хуҷанд соли 1995 ба факултаи тиҷорат ва иқтисоди ҷаҳонии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуд. Соли 2000 пас аз хатми донишгоҳ бо ихтисоси муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ба ҳайси иқтисодчӣ дар шуъбаи банақшагирии идораи маҳсулоттайёркунии Иттифоқи матлуботи вилояти Суғд фаъолияти меҳнатии худро оғоз кардааст.
Аз соли 2007 фаъолияти омӯзгории худро ба ҳайси ассистенти кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДИС ДДТТ) оғоз кардааст. Солҳои 2013 то соли 2018 дар вазифаи дотсенти кафедраи менеҷменти ДИС ДДТТ фаъолият менамояд. Аз соли 2018 то соли 2022 ба ҳайси мудири кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифои вазифа менамояд.
Соли 2012 дар Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи «Ташаккул ва рушди савдои чакана ҳамчун сегменти асосии соҳаи хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадиашро дифоъ мекунад ва соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ мегардад.
Шаҳноза Маноновна муаллифи зиёда аз 65 мақолаи илмӣ, 3 монография, 3 дастури таълимию методӣ ва иштирокчии чандин конфронсҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.
Барои фаъолияти пурсамари таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД – и вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ва КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд сарфароз гардонида шудааст.
Аз моҳи феврали соли 2022 бо фармони Вазири маориф ва илми мамлакат ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъин гардид.
E-mail: mahasti38@mail.ru
Телефон: (+992) 927-083-990
Таълифоти илмӣ