Кенҷаев Шўҳратҷон Юсуфович – муовини ректор оид ба корҳои молиявӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,, дотсент
1 августи соли 1975 дар ноҳияи Б.Гафуров (Хуҷанд), вилояти Суғд дар оилаи зиёи ба дунё омадаст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Аъзои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, оиладор, соҳиби чор фарзанд.
Соли 1992 ба шуъбаи рўзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1997 бомуваффақият аз рўи ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Пас аз хатми ДМТ фаъолияти меҳнатиашро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ба ҳайси ассисенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва граждании (1998-2001) оғоз менамояд. Сипас, дар вазифаҳои и.в. мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва гражданӣ (2001 (10-11), сармуаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва гражданӣ (2001-2002), мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва гражданӣ (2002-2005) дар донишгоҳи номбурда кору фаъолият мебарад.
Аз соли 2005 фаъолияташро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси и.в.мудир, сармуаллими кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқ ва ҳуқуқи конститутсионӣ (2005-2007), мудир, дотсенти кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқ ва ҳуқуқи конститутсионӣ (2007-2011), мудир, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ (2011-2012), солҳои 2012-2018 ба вазифаи декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияташро идома медиҳад.
Кенҷаев Шўҳратҷон Юсуфович тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.08.2018, таҳти № 171-к ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва молиявии ДДҲБСТ таъин гардид.
Соли 2003 рисолаи илмии номзадиашроро дар мавзӯи «Ақидаҳои давлатӣ-ҳуқуқии Ҷомӣ» дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардидааст.
Кенҷаев Ш. олими сермаҳсул буда, 5 монография, 3 дастури таълими методӣ ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ ба нашр расонидааст. Барои меҳнати пурмаҳсул ва хизматҳои шоён дар таълиму тарбияи насли созанда соли 2015 унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор гардидааст. Соли 2016 барои нашри китоби «Таълимоти Абдураҳмони Ҷомӣ роҷеъ ба давлат ва ҳуқук» бо Ҷоизаи ба номи Б.Ғафуров мукофонида шуд.
Телефоникорӣ: 2-38-95
Телефони мобилӣ: 92-774-15-15
Таълифоти илмӣ