Ризозода Тура Раббим – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
Ризозода Тура Раббим 5 марти соли 1972 дар деҳаи Бурагени (ҳоло Фирдавсӣ) ноҳияи Шаҳристон таваллуд ёфтааст. Аълочии маорифи Чумҳурии Тоҷикистон. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Маълумоташ олӣ. Оиладор.
Соли 1994 пас аз хатми факултети иқтисодии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо дипломи аъло, фаъолияти илмию педагогии худро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Б. Ғафуров оғоз намудааст.
Солҳои 1994 –1995 ба ҳайси муаллими кафедраи умумиқтисодии факултети иқтисодӣ, солҳои 1999-000 сармуаллим, сониян, дотсенти кафедраи молия ва қарз, тайи солҳои 2000-2006 мудири кафедраи молия ва қарз, ҳамзамон ноиби декан оид ба корҳои илми факултети иқтисодӣ, соли 2008 мудири кафедраи молия, таҳлил ва омор, давоми солҳои 2009-2012 декани факултаи кибернетика, 2012-2014 мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити факултети молия ва иқтисодиёти бозори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров фаъолият менамояд.
Тайи солҳои 2014-2019 бо фармони Раиси Тоҷикматлубот тариқи гузариш ба сифати муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ифои вазифа намуд.
Солҳои 1995-1998 дар шуъбаи рўзонаи аспирантураи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таҳсил намуда, соли 1999 рисолаи номзадиашро дар Шўрои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон аз рўи ихтисоси 08.00.01 – назарияи иқтисодӣ дифоъ менамояд. Давоми солҳои 2006 -2008 ба вазифаи ходими калони илмӣ фаъолият намуда, соли 2009 рисолаи докториашро дар Шўрои диссертатсионии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда, соли 2010 бо қарори КОА Федератсияи Русия соҳиби унвони доктори илмҳои иқтисодӣ мегардад.
Мавсуф, дар солҳои 2012-2022 ҳамҷун аъзои фаъоли Шуроҳои доктории К 999.031.03 аз рўи илмҳои иқтисодӣ ва 6D. КОА – 020 дар назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Шўрои диссертатсионии 6D. КОА – 023 дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар тайёр намудани кадрҳои унвони илми дошта ҳиссаи худро гузоштааст.
Дар соли 2013 ба Ризозода Тура Раббим бо қарори Комиссияи Олии Федератсияи Россия (Высшая Аттестационная Комиссия РФ) унвони илмии дотсентӣ ва соли 2017 унвони профессорӣ дода шуд.
Давоми солҳои 2019-2024 вазифаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро ба зимма дошт.
Ризозода Т.Р. дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 апрели соли 2024 ба вазифаи муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон” таъин гардид.
Муовини раиси Шурои диссертатсионии докторӣ 6D.КОА-013 аз рўи илмҳои иқтисодӣ дар назди Донишгоњи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад. Мавзуи тадқиқоти илмиаш ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва ҳалли муаммоҳои макроиқтисодӣ, андоз ва андозбандӣ, аз он ҷумла масъалаҳои таъмини рушди босуботи иқтисодии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Айни замон, таҳти роҳбарии профессор Ризозода Тура Раббим 27 нафар аспирантону унвонҷуён. аз онҳо 26 рисолаи номзадӣ, 1 нафар рисолаи доктории худро дифоъ намуда, соҳиби дипломҳои номзадӣ ва докторӣ гаштаанд. Айни ҳол, профессор Ризоқулов Т.Р. мушовири илмии 5 нафар докторант ва роҳбари илмии 14 нафар аспирант мебошад.
Ризозода Тура Раббим муаллифи зиёда аз 250 мақолақои илмӣ, 5 монография, 12 китоби дарсӣ ва 17 дастурҳои таълимию методӣ мебошад. Барои фаъолияти пурсамари таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ бо дараҷаи баланди ихтисоси «Муҳосиби байналхалқӣ”, унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи фахрии роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст.
Суроғаи элек.: t_rizokulov@mail.ru
Телефон: (+992 3422) (2 44 66)
(+992) 92 7777735
Таълифоти илмӣ: